Шоҳин Саидзода
Зоҳир
(Тағйири масир аз Саидзода, Шоҳин Нуриддин)
Саидзода Шоҳин Нуриддин | |
Таърихи таваллуд | 27 март 1984 (40 сол) |
Зодгоҳ | Бохтар (шаҳр), вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ҳуқуқшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Ҷоизаҳо | Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2015) |
Шоҳин Саидзода (Саидзода Шоҳин Нуриддин; зод. 27 марти 1984, Қурғонтеппа, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон) — ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2019)[1], дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоҳин Саидзода 27 марти соли 1984 дар шаҳри Қурғонтеппа ба дунё омадааст[2]. Солҳои 2006—2009 аспиранти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2009—2012 — асистенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- 2012—2013 — муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- 2013—2016 — докторанти Донишгоҳи забонҳои шаҳри Москва;
- 2016—2017 — сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
- 2017—2020 — муовини сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф;
- 2020—2022 — директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[3].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, соли 2015.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҳимояи Саидзода Шоҳин Нуриддин. vak.tj. 21 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2022.
- ↑ Директори Агентӣ. ansmi.tj. 21 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 феврали 2022.
- ↑ Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саидзода Ш.. president.tj (21 феврали 2022). 21 феврали 2022 санҷида шуд.