Саидов Саидбег Бойхонович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Саидов Саидбег Бойхонович
Саидбег Бойхонович Саидов
Зодгоҳ: Данғара ҶШС Тоҷикистон
Кишвар:  Тоҷикистон
Фазои илмӣ: муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Покистон ва Ҳиндустон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин.
Ҷоизаҳо: Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

Саидбег Бойхонович Саидов — дотсент, номзади илмҳои ҳуқуқ.

Зиндагинома[вироиш]

Саидов Саидбег Бойхонович 15 апрели соли 1958 дар деҳаи Пехо, Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст.

  • Солҳои 1975-1980 донишҷӯи факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин.
  • Соли 1980 фаъолияти меҳнатии худро аз таълими забон ва адабиёти тоҷик дар курсҳои шабонаи омодагӣ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин сар кардааст.
  • Аз соли 1981 то 1993 лаборант, мудири лаборатория ва муаллими кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин.
  • Аз соли 1990 то 1993 аспиранти кафедраи психологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин.
  • Солҳои 1993 - 1995 донишҷӯи Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, баъди хатм мутахассиси соҳаи ҳуқуқҳои байналмилалӣ гардид.
  • Солҳои 1994 - 2002, котиби дуюми Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
  • Соли 1999 рисолаи номзадии худро дар Институти муносибатҳои миллӣ ва минтақавии Маскав дар мавзӯи «Парлумонҳо ва вазъи мураккаби вакилони парлумонҳои кишварҳои гуногун» дифоъ кард.
  • Солҳои 2002 - 2003 ба ҳайси Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ кор кардааст.
  • Солҳои 2003 - 2006 мудири шӯъбаи равобити берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Солҳои 2006 - 2008 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон.
  • Солҳои 2008 - 2014 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон.
  • Соли 2008 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ рутбаи дипломатии Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтор, дараҷаи якум дода шуд.
  • Аз соли 2017, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.

Ҷоизаҳо[вироиш]

  • Нишони «Аълочии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]