Сайдалӣ Раҳмадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайдалӣ Саидович Раҳмадов
Сайдалӣ Раҳмадов
Таърихи таваллуд 17 май 1967(1967-05-17) (56 сол)
Зодгоҳ Ваҳдат ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев

Сайдалӣ Саидович Раҳмадов (тав. 17.05.1967, ш. Ваҳдат) — биолог, номзади илмҳои биология ( 2000).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайдалӣ Раҳмадов солҳои 1987–1992 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев таҳсил намудааст. Солҳои 1992–1993 ассистент, 1993- 1996 аспирант, 1996–2000 муаллими калони кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2003 иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи зоологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 30 асару мақолҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Доираи корҳои тадқиқотии ӯро масъалаҳои ҳифзи зироатҳои асосии кишоварзӣ аз ҳашаротҳои заррасон дар бар мегирад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Курси мухтасари кирмакпарварӣ (дастури методӣ), Д., 2007;
  • Энтомологияи кишоварзӣ (дастури методӣ), Д., 2009.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]