Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сайид Алӣ Қозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сайид Алӣ Қозӣ
Дин: ислом ва шиъа
Таърихи таваллуд: 29 апрел 1866(1866-04-29)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1947
Маҳалли даргузашт:
Мамлакат:
 Парвандаҳо дар Викианбор



Сайид Алӣ Қозии Таботабоии Табрезӣ (тав. 7 Фарвардини 1248 ҳ.ш. дар Табрез — ваф. 8 Баҳман 1325 ҳ.ш. дар Наҷаф ) муҷтаҳиди шиъа, фақеҳ, ҳаким ва орифи қарнҳои 13 ва 14 ҳиҷрӣ буд.

Вай аз авлоди Абдулваҳҳоби Табрезӣ аст, ки насабаш низ ба Ҳасани Мусанно ибни Ҳасани Муҷтаба бармегардад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Вай 7 фарвардини соли 1248 шамсӣ (13 зиҳаҷҷаи 1285) дар Табрез ба дунё омадааст. Писари Мирзо Ҳусайни Қозӣ Таботабоӣ (вафот 1272 ҳиҷрӣ) буд. Насабашон ба Абдулваҳҳоби Табрезӣ ва тавассути ӯ ба Алӣ ибни Абӯтолиб бармегардад. [1] Хонаводаи Қозӣ дар Табрез таърихи куҳан дорад ва Сайид Муҳаммад Алии Қозӣ Таботабоӣ ва ҳамчунин Сайид Муҳаммад Ҳусейн Таботабоӣ ва бародараш Сайид Муҳаммад Ҳасан Илоҳии Таботабоӣ аз ин хонаводаанд.

Падараш Мирзо Ҳусайни Қозӣ худ донишманд ва шогирди Мирзо Муҳаммад Ҳасани Шерозӣ буд. Ӯ дар бораи тафсири сураи Ҳамд ва Аном китобе навишт ва [[Гурӯҳ:Википедия:Сарчашмаҳо нестанд аз Хато: замони ғайримиҷоз]][сарчашма?] дар сулуки ирфонӣ шогирди Имомуқлии Нахҷувонӣ будааст.

Аксари устодони маъруфи фалсафаи исломӣ ва ирфони исломӣ шогирдони Сайид Алии Қозӣ буданд. Дар байни шогирдони машҳури ӯ инҳоянд:

Ӯ Аббоси Қучониро, ки яке аз шогирдонаш буд, дар умури ирфонӣ васии худ таъин карда буд.

Ба баёни шогирдон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сайид Алии Қозӣ дар тафсири Қуръон ва маънии он маҳорат дошт ва Сайид Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Теҳронӣ бо истинод ба суханони Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ (яке аз шогирдони Сайид Алии Қозӣ) мегӯяд:

"Мо ҳама чизеро дорем, ки аз Қозӣ дорем." … Қозӣ дар тафсири Қуръони карим яди тулое дошт ва ба мо ин услуби тафсири оят ба оятро омӯхт ва мо дар тафсири Ал-Мизон аз роҳ ва усули ӯ пайравӣ мекунем. Ў дар фаҳми маънии ривоятҳо аз имомони маъсум (алайҳимуссалом) зеҳни хеле кушоду равшане дошт ва мо аз ў усули дарки ҳадисро омӯхтаем, ки онро фиқҳи ҳадис меноманд.»
  1. مصاحبه با آقای سید محمد حسن قاضی فرزند سید علی آقا قاضی Бойгонӣ шудааст ۱۷ ژوئن ۲۰۱۶.، کنگره بزرگداشت سید علی قاضی (ره
  2. 1 2 3 4 5 6 7 Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи aviny ворид нашудааст