Сайрам Бақозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сайрам Бақозода
Санаи таваллуд:

14 феврал 1977(1977-02-14) (42 сол)

Зодгоҳ:

Файзобод, ҶШС Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон

Маъруф ба:

рӯзноманигор, муҳаррири барномаҳои телевизион

Сайрам Бақозода (тав. 14 феврали 1977, Файзобод, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигор, муҳаррири барномаҳои Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум), номзади илмҳои филология (2011).

Зиндагинома[вироиш]

Сайрам Бақозода — 14 феврали соли 1977 дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, ба факултаи филологияи тоҷик дохил шудааст. Аз овони ҷавонӣ ҳанӯз ба таърих ва адабиёти халқи тоҷик ва ҷаҳон шавқу ҳаваси зиёд доштааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як сол дар Донишгоҳи мазкур ба ҳайси муаллими хурд дар факултаҳои ғайрифилологӣ фаъолият карда, соли 2001 ба шуъбаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳуҷҷатҳояшро месупорад. Худи ҳамин сол барои корҳои илмиаш дар мавзӯи «Таърихияти эҷодиёти Сотим Улуғзода» ба Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Максим Горкий ба шаҳри Маскав равона шуда, тӯли як сол он ҷо мемонад.

Аз соли 2002 то соли 2006 дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, сармуҳарририи рӯзномаи бачагонаи «Насли наврас»-ро ба ӯҳда дошт.

Аз моҳи феврали соли 2006 ба ҳайси муҳаррир ба Идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Телевизиони Тоҷикистон даъват карда мешавад. Дар аввал ба ҳайси муҳаррир дар барномаи наврасон «Манора» фаъолияти худро оғоз карда, пас нахустбарномаи муаллифиаш бо номи «Сарнавишт» ва қаҳрамони аввалинаш нависандаи бузург ва таърихнигори тоҷик Сотим Улуғзода пешкаши тамошобинон гардонида мешавад. Аз моҳи феврали соли 2010 Сайрам Бақозода ба ҳайси сармуҳаррири гурӯҳи эҷодии «Симо» фаъолият дошт.

Айни замон (2017) ӯ дар вазифаи муовини якуми директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Оиладор, сохиби як духтар бо номи Шируя[1].

Эҷодиёт[вироиш]

Муаллифи барномаи «Президенти мардумӣ»[2][3][4] Ҳамчун муҳаррири варзидаи Гурӯҳи эҷодии «Симо»-и Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум), силсилабарномаҳои «Сарнавишт» аз ҳаёти мардони бузурги таърихб, онҳое, ки ҷабри таърих зиёд дидаанд нақл карда мешавад. Аббос Алиев, Шириншоҳ Шотемур, Нусратулло Махсум, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Буриниссо Бердиева, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигарон дар барномаи «Сарнавишт»-и Сайрам Бақозода ба тамошобинон аз наздиктар ошно карда шуданд.

Барномаи дигари Сайрам, ки байни тамошобинон маҳбубият пайдо карда буд, «Садои ҳамватан» буд, ки аз ҳаёти тоҷикони бурунмарзии шаҳрҳои Кирғизистону Маскав омода шуда буд ва хеле хотирмон ва таъсирбахш ҳам буд.

Аз феврали соли 2010 Сайрам Бақозода ба ҳайси сармуҳаррири гурӯҳи эҷодии СИМО фаъолият дошта, тӯли ин муддат барномаҳои нави «Шоми диёр», Таъкид дар мавзӯи худшиносии миллӣ, «Нақшҳои сухангӯ» дар мавзӯи либоси миллӣ, «Тавозун» дар мавзӯи баробарии гендерӣ, «Оҳанги умед» инчунин дар рӯзҳои ҷашнҳо дар якҷоягӣ бо гурӯҳи эҷодии барномаи мустақими «Тамос»-ро пешкаши тамошобинон Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум) гардондааст[1].

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Рисолаи илмии худ дар мавзӯи «Таърихияти насри Сотим Улуғзода» (2011) ҳимоя карда, номзади илми филология ва дотсент мебошад. Сайрам Бақозода муаллифи ду китоб, 1 монография ва 10 мақолаи илмӣ аст.

Адабиёт[вироиш]

  • ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Душанбе,Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2011. — 392 с.

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Зодагони Диёри Бод
  2. «Расонаҳо-3»: Ҷанг дар ҷаноза, бозгашти Хайруллоев ва ёде аз Ҳаёеви соли 1989 http://www.ozodi.org/content/on-media-3rd-issue/25246754.html
  3. Ё интихобот ё мазҳака | TojNews http://tojnews.org/yo-intikhobot-yo-mazhaka
  4. Ситоиши Бозор Собир аз Эмомалӣ Раҳмон дар «Президенти мардумӣ» мебошад http://www.ozodi.tj/content/bozor-sobir-thanks-president-emomali-rahmon-in-tv-show/25242015.html