Сайёфи Мизроб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сайёфи Мизроб
Сайф Достиев
Сайёфи Мизроб.jpg
Сайёфи Мизроб, рӯзноманигори тоҷик.
Санаи таваллуд:

25 апрел 1966(1966-04-25) (53 сол)

Зодгоҳ:

Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

рӯзноманигор

Ҷоизаҳо:

«Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ» (2012)

Сайёфи Мизроб (Сайф Достиев[1]; тав. 25 апрели 1966, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигори саршиноси тоҷик. Муассис, молик ва сардабири ҳафтаномаи «СССР»[2][3].

Зиндагинома[вироиш]

Сайф Достиев 25 апрели соли 1966 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №6, ба номи А. Рӯдакӣ дар соли 1983 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, солҳои 1984-1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст[4]. Пас аз хидмати ҳарбӣ ба донишгоҳ баргашта, дар соли 1988 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербург) шомил шуда, соли 1991 онро бо ихтисоси журналист хатм кардааст.

Оиладор. Соҳиби 5 фарзанд.

Фаъолияти корӣ[вироиш]

Солҳои 1991-1992 хабарнигори ҳафтаномаи «Оинаи Зиндагӣ», 1992-1993 хабарнигори ҳафтавори «Тоҷикистон, 1993-1996 хабарнигори «Ҷавонони Тоҷикистон», 1996-1998 хабарнигори «Чархи Гардун», 1998-1999 сардабири ҳафтаномаи «Самар», 1999-2001 муовини сардабири «Ҷавонони Тоҷикистон», 2001-2006 муассис ва директори генералии Маркази информатсионии «Хатлон-Пресс» ва солҳои 1998-2008 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон буд.

Аз соли 2008 инҷониб муассис ва сардабири ҳафтаномаи «СССР» аст[4].

Китобҳо[вироиш]

  • «Муштҳои бедорӣ» (2011)[5]
  • «Сафардидаи Маккавӣ» (2012)[6]
  • «Терори ғурур» (2016)[3]

Ҷоизаҳо ва мукофотҳо[вироиш]

Барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ба номи А. Лоҳутӣ дар соли 2012. Дар Рӯзи 100-солагии матбуоти Тоҷик, 12 марти 2012 аз тарафи Президенти ҶТ бо ҷоизаи давлатӣ - медали «Барои Хизмати шоиста» қадрдонӣ шудааст[4].

Эзоҳ[вироиш]

  1. https://www.facebook.com/saif.dostiev // Саҳифаи фейсбукии Сайёфи Мизроб
  2. Чьи фото увеличивают продажи газет? // Радиои Озодӣ — 2 июли 2016.
  3. 3.0 3.1 Нашри «Терори ғурур»-и Сайёфи Мизроб // Озодагон — 25 апрели 2016
  4. 4.0 4.1 4.2 Сайёфи Мизроб // «Фараж» — 17 январи 2013.
  5. Муштҳои бедорӣ // СССР - Мо метавонем! — 24 феврали 2016.
  6. Сафардидаи Макавӣ // СССР - Мо метавонем! — 24 феврали 2016.

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Сарчашма[вироиш]