Салмони Форсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Салмони Форс)
Jump to navigation Jump to search
Салмони Форсӣ
ар. سلمان الفارسي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд: Рӯзбеҳ[1]
Касб, шуғл: воиз, сарбоз, тарҷумон, нависанда
Таърихи таваллуд: 568
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 657[2]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Миллат: форс
Эътиқод: ислом
Падар: Бузахшан[3] (Юзахшан)
Фарзандон: Абдуллоҳ
Ҷанг:
Шогирдон: Анас ибни Молик[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд: Commons-logo.svg Викианбор  
Wikidata-logo S.svg Вироиши Викидода
Масҷиди Салмони Форсӣ, Набарди Аҳзоб, Мадина

Абӯабдуллоҳ Салмони Форсӣ (ар. سلمان الفارسي‎; 568, Козирӯн, Порс[d], Сосониён657[2], Тайсафун) — яке аз машҳуртарин саҳобагони ҳазрати Муҳаммад (с); аввалин эронӣ, ки мусулмон шуд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ бо ин, ки писари яке аз деҳқонони Эрон буд,[4] зартуштӣ боқӣ намонд ва солҳо ба сарзаминҳои гуногун сафар кард, ки дар ҳамин сафарҳо дар сарзамине ба бардагӣ даромад ва сипас бо кумаки Муҳаммад (с) озод гашт.[4] Салмони Форсӣ, ки хираду донишҳои эрониён ва масеҳиёнро медонист аз мушовирони Муҳаммад (с), аз ҷумла тарроҳи асли кандани хандақ дар Ҷанги Хандақ будааст. Ӯ дар солҳои поёни зиндагӣи худ волии Мадоин гардид.

Ному насаб[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои Салмони Форсӣ пеш аз мусулмон шудан номҳои мухталиферо навиштаанд. Табарӣ ва Абунуъайми Исфаҳонӣ ном вайро Мобаҳ навиштаанд, Ибни Бобуия Рӯзбеҳ ва Балъамӣ Фирӯзон навиштааст. Табарӣ ва Ибни Асокир ном падари Салмонро Бузахшон ва Абунуъайми Исфаҳони Бадахшон ва Ибни Бобуия Хушбузон навиштааст.[5]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Encyclopaedia of Islam, 1960—2005.
  2. 2.0 2.1 Али-заде А. Исламский энциклопедический словарь (рус.)М.: Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8
  3. Али-заде, 2007.
  4. 4.0 4.1 Vida, G. Levi Della. Salmān al-Fārisī. Encyclopaedia of Islam (Second ed.). Brill Online (2012).
  5. سلمان فارسی. rch.ac.ir. دانشنامه جهان اسلام.