Салом Абдураҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Салом Абдураҳимов
Таърихи таваллуд 7 июн 1937(1937-06-07)
Зодгоҳ Ӯротеппа
Таърихи даргузашт 7 август 2006(2006-08-07) (69 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Фазои илмӣ филология
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Универиситети давлатии Тоҷикистон (1958)

Салом Абдураҳимов (7 июни 1937, Ӯротеппа7 августи 2006, Душанбе) — забоншинос, номзади илмҳои филология (1968), дотсент (1990).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи УДТ (1958). Корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ (1958 – 90), дотсенти кафедраи хат ва матни форсии тоҷикии ДМТ (1990 – 2004). Муаллифи зиёда аз 60 асару мақолаҳои илмӣ. Абдураҳимов яке аз муаллифони «Грамматикаи забони адабии тоҷик» (Синтаксис, ҷилди 2, китоби дарсӣ барои факултетҳои филологии мактабҳои олӣ, Д., 1984) мебошад. Дар навиштани китоби сеҷилдаи «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» иштирок кардааст, 9 боби он ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Бо Грамотаи Фахрии Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Дорандаи мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ибораҳои исмии забони адабии ҳозираи тоҷик, Д., 1973;
  • Ибораҳои ҷонишинӣ, Д., 1979.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]