Салоҳияти Маҷлиси миллӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ - Маҷлиси миллӣ як қисми сохтори Маҷлиси Олӣ буда, Конститутсия ва дигар қонунҳо салоҳияти онро муқаррар менамоянд. Дар Конститутсия ваколатҳои зерин пешбинӣ шудааст:

1. Таъсису барҳам додани воҳидҳои марзию маъмурӣ ва тағйири онҳо;

2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;

3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;

4. Ризоият ба таъйин ва озод намудани Прокурори Генералӣ ва муовинони ӯ;

5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян намудааст (моддаи 56 Конститутсия).[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 404 - 405