Салоҳуддин Амонӣ
Салоҳуддин Амонӣ | |
|---|---|
| Салоҳуддин Амонов | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 2 июн 1956 (69 сол) |
| Зодгоҳ | Элок, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | филология |
| Ҷойҳои кор | Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (аз соли 2006) |
| Алма-матер | Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1978) |
Салоҳуддин Амонӣ (Салоҳуддин Амонов; зод. 2 июни 1956, Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор ва хушнависи тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Салоҳуддин Амонов 2 июни соли 1956 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ (1978).
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]
Солҳои 1978—1980 ходими илмии Осорхонаи ИТИИПТ, 1980—1992 ходими илмии шуъбаи методикаи таълими забон ва адабиёти ПИП, 1992—1993 муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти ИМТИБКМ, 1993—2001 сармутахассис ва муовини раиси Анҷумани робита бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», 2001—2006 хушнавис-таҳқиқгари Бунёди байналмилалии «Айнӣ», 2006—2010 котиби илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф буд.
Аз соли 2012 мудири шуъбаи рушди мактаб (синфҳо)-и камкомплекти Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Ба ҳайси хушнавис чанд китобро хаттотӣ кардааст.
Телевизион
[вироиш | вироиши манбаъ]Салоҳуддин Амонӣ солҳои 2007—2010 дар ТВ Баҳористон дар барномаи «Бӯстони алифбо» хатти ниёгонро таълим медод. Дар мудати кӯтоҳ ӯ дар миёни хурду бузурги ҷомеаи тоҷик маҳбубияти хосеро касб кард. Аксарият барояш тахаллуси «телеустод»-ро гузоштаанд[1].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Китобҳо
- «Хрестоматияи адабиёт» барои синфи 8. Д., 1990.
- Машқи хат 1. Д., 1991.
- Машқи хат 2. Д., 1991.
- Китоби қироат 1. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
- Китоби қироат 2. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
- Алифбо. Теҳрон, 1991 (ҳаммуаллиф).
- Алифбои ниёгон. Китоби дарсӣ барои коллеҷҳои педагогӣ. Д., 2010 (ҳаммуаллиф).
- Алифбои ниёгон (бо шариктаълиф), Д., 2010.
- Ҷузваҳо
- «„Шоҳнома“ — ҷилвагоҳи сухан». Д., 2012.
- Ёдҳо дар ёдҳо. Китоби хотирот бахшида ба «80-солагии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон». Д., 2013.
- «Шукуфаҳои „Дили бемор“». Д., 2015.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Беҳтарин устоди телевизионӣ(тоҷ.). Рӯзномаи Миллат. www.millat.tj (3 октябри 2009). 28 ноябри 2017 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи Пажӯҳишгоҳи рушди маориф (ДПРМ). — Душанбе: «ПРМ АТТ», 2013.