Самад Асалуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Самад Асалуллоев
Самад Ҳидоятович Асалуллоев
Санаи таваллуд:

9 сентябр 1939(1939-09-09) (80 сол)

Зодгоҳ:

Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон, СССР

Мамлакат:

Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

тиб

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино,

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои тиб

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино СССР

Самад Ҳидоятович Асалуллоев ( 09. 09. 1939, ш. Самарқанд), доктори илми тиб (1998), профессор (2000)

Зиндагинома[вироиш]

Самад Ҳидоятович Асалуллоев хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1963). Духтури минтақавии беморхонаи н. Қалъаихум (1963-1964), ординатори клиникӣ (1964-1965) ва ассистенти кафедраи терапияи факултавӣ (1966-1983), дотсент (1983-2000), профессори кафедраи бемориҳои дарунии №2 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (2000-2003) буд. Аз соли 2003 мудирии кафедраи бемориҳои дарунии №1-и ҳамин донишгоҳро ба зимма доштааст.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Оид ба масоили бемориҳои касбӣ, амрози дарун, микроэлементҳо, миқдори микроэлементҳо дар хуни холиси беморони гирифтори фишори хун, атеросклероз, таъсири муолиҷаи комплексии рагвасеъкунанда ва витаминӣ ба савияи микроэлементҳо, пайдоиш ва хусусиятҳои клиникии бемории ғалаёни хун дар сокинони ноҳияҳои гуногуни табиию иқлимии Тоҷикистон, масъалаҳои табобат ва пешгирӣ таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 150 мақолаву асари илмӣ, аз ҷумла ҳаммуаллифи «Клинико – патогенетические особенности некоторых заболеваний у жителей различных природно-климатических регионов РТ»

Осор[вироиш]

  • Проблемы устойчивого развития» (Д., 1999);
  • «Особенности течения бронхиальной астмы в условиях высокогорного Памира». Материалы IV международного конгресса пульманологов Центральной Азии, (Астана, 2004);
  • «О синдроме Картагенера» дар маҷ. «Паёми Сино» №3 , Д., 2007 .[1]

Эзоҳ[вироиш]