Самойленко Анатолий Михайлович
Самойленко Анатолий Михайлович | |
---|---|
Самойленко Анатолий Михайлович | |
Таърихи таваллуд: | 2 январи 1938 |
Зодгоҳ: | Украина |
Тахрихи даргузашт: | 4 декабр 2020 (82 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Фазои илмӣ: | олим |
Ҷойҳои кор: | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
Алма-матер: | |
Роҳбари илмӣ: | Yurii Mitropolskiy[d][1] |
Шогирдони маъруф: | Alexander Boichuk[d][1] ва Viktor Vasylyovych Savchuk[d][1] |
Ҷоизаҳо: |
Самойленко Анатолий Михайлович (укр. Анато́лій Миха́йлович Само́йленко - (тав. 2 январи 1938 Украина), олими украин ва шӯравӣ, доктори илмҳои физикаю математика (1968), профессор (1974). Аз соли 1978 узви вобаста, с. 1995 академик, с. 1988 -1998 Директори Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Украина. Аз соли 2006 академик-котиби шуъбаи математикаи Академияи миллии илмҳои Украина. Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома[вироиш]
Самойленко Анатолий Михайлович соли 1960 факултети механикаю математикаи Донишгоҳи Киев ба номи Т.Г. Шевченкоро бо ихтисоси “математика”, с. 1963 аспирантураи Институти математикаи Академияи илмҳои Украинаро хатм кардааст, Солҳои 1963-1974 ба ҳайси ходими илмӣ дар Институти математикаи Академияи илмҳои Украина фаъолият намудааст. Солҳои 1974-1987 ба ҳайси мудири кафедраи Донишгоҳи Киев ба номи Т.Г. Шевченко кор кардааст. Соли 1987 мудири шуъба ва аз соли 1988 то 1998 Директори Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Украина буд. Солҳои 1998-2011 мудири кафедраи Институти политехникии Киев. Аз соли 2006 академик-котиби шуъбаи математикаи Академияи миллии илмҳои Украина. Аъзои фахрии чандин Академияҳои илмии давлатҳои хориҷӣ аст.[2].
Ҷоизаҳо[вироиш]
- Ордени “Дӯстии халқҳо”,
- Ходими шоистаи илм ва техникаи Украина (1998),
- Дорандаи ҷоизаи давлатии Украина доир ба илм ва техника (1985, 1995)
Манобеъ[вироиш]
Пайвандҳо[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Математическая генеалогия — 1997.
- ↑ [ http://imath.kiev.ua/~sam/ Сомонаи шахсӣ]
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Даргузаштагони 4 декабр
- Даргузаштагони соли 2020
- Википедия:Ашхосе, ки то як соли пеш фавт кардаанд
- Даргузаштагони Украина
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Украина
- Аъзои хориҷии АИ Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо