Сандро Боттичелли
Сандро Боттичелли | |
|---|---|
| итол. Sandro Botticelli | |
| | |
| Таърихи таваллуд | тақрибан 1445[1][2] |
| Зодгоҳ: | |
| Таърихи даргузашт | 17 майи 1510[3][4][2][…] |
| Маҳалли даргузашт | |
| Мамлакат: | |
| Жанр | такчеҳра[8][6], наққошии таърихӣ[d][8][6], наққошии мазҳабӣ[d][8], allegory[d][6], наққошии устураӣ[d][6] ва religious art[d][6] |
| Имзо |
|
Сандро Боттичелли (аслан Алессандро Филиппепи) (1444, Флоренсия–1510, ҳамон ҷо) — рассоми итолиёии даврони Эҳё.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарси маҳоратро аз рассоми машҳур Филипо Липпи омӯхтааст. Бештар ба манзаранигорӣ ва портрет таваҷҷуҳ дошт, ҳарчанд доманаи эҷодаш ниҳоят фарох аст. Аз асотир ва адабиёти атиқа бо маҳорати баланд истифода бурдааст. Мусаввараҳояш бо банду баст ва мувозинати худ бинандаро мафтун месозанд, дар онҳо аз рамз, кинояю истиора устодона кор гирифта шудааст. Масалан, дар мусаввараи «Таваллуди Ноҳид» чеҳраи илоҳаи зебоӣ – назокату латофати зан ба тамом кушода шуда, дар бинанда эҳсоси эҳтирому самимиятро бедор месозад. Симои зан дар мусаввараҳои «Фаромӯшшуда», «Магнификат», «Кентавр ва Паллада» олӣ тасвир ёфтааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Боттичелли барои асари машҳури Данте «Мазҳакаи илоҳӣ» зиёда аз 80 расми ҷолиб офаридааст, ки аз ҳар ҷиҳат нотакроранд ва то ба ҳол дар нашри ин китоб ба забонҳои гуногуни дунё истифода мешаванд. «Туҳмат», «Таърихи Виргиния», «Марги Лукретсия», «Саҳнае аз зиндагӣ», «Ибодат», «Таслиб», «Мавлуди Исо», «Баҳор», «Парастиши соҳир», «Юдиф ва Олоферн», «Суботкорӣ» ва дигар мусаввараҳояш ҳамчун қуллаи баланди санъати Аврупо эътироф шуда, дар бузургтарин нигористонҳои Аврупо ва Амрико маҳфузанд.
== Эзоҳ ==
- 1 2 Lightbown R. W. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- 1 2 3 4 Grove Art Online (ингл.) / J. Turner — [Oxford, England], Houndmills, Basingstoke, England, New York: OUP, 1998.
- ↑ https://www.artnet.com/artists/sandro-botticelli/ — 1998.
- ↑ Вазари Ҷ. https://www.projekt-gutenberg.org/vasari/renaissa/chap016.html / зери таҳрири F. Schillmann — 1948.
- ↑ Union List of Artist Names (ингл.) — 2018.
- 1 2 3 4 5 6 RKDartists (нидерл.)
- ↑ https://www.artsy.net/artist/alessandro-filipepi-called-sandro-botticelli — 2009.
- 1 2 3 Union List of Artist Names (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сандро Боттичелли // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.