Jump to content

Санъати меъмории халқи тоҷик

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро

Санъати меъмории халқи тоҷик таърихи бой ва хеле қадима дошта, дар ҷараёни тараққиёти бисёрасраи худ намунаҳои нодири осори меъмориро офарид.

Ҳоло дар Тоҷикистон 840 бозёфти ҳафриёт, қариб 200 ёдгории меъморӣ ва заиёда аз 120 номгӯй ёдгориҳои таърихию инқилобӣ мавҷуданд. Дар байни онҳо даҳҳо ёдгориҳои беназири оламшумуле ҳастанд, ки онҳо на танҳо ганҷинаи бебаҳои санъатанд, балки таҷассумгари фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик ба шумор мераванд.[1]

Дар водиҳои Осиёи Миёна масолеҳи бинокорӣ гилу похса ва дар ноҳияҳои кӯҳистон санг буда, чӯбро низ моҳирона истифода мебурданд. Аввалин намунаҳои осори меъмории халқи тоҷик ба неолити давраҳои охир (ҳазораҳои 5 – 3 то мелод) рост меояд. Қадимтарин истиқоматгоҳи инсон дар ҳудуди Тоҷикистон дар Кӯҳи Бӯлиёни [[ноҳияи Данғара]] ёфт шудааст, ки аз хонаҳои дарози фаршаш сангин иборат буда, дар онҳо як авлод (120 — 150 кас) истиқомат мекардаанд. Аз замони неолити дерин (ҳазорсолаҳои панҷуму сеюми то мелод) дар Данғара сукунатгоҳи Кӯйи Булён маълум буда, фарши иқоматгоҳҳои он аз тахтасанг сохта шудааст. Инчунин ба ҳамон давр (замони энеолит ва ибтидои замони биринҷӣ) дар наздикиҳои ПанҷакентСаразм ба вуҷуд омадани сукунатгоҳи заминдории қадим тааллуқ дорад, ки дар он аз хишти хом ва девори похса маҳалҳои аҳолинишин, шоҳкориҳои меъморӣ ва ибодатгоҳҳо бунёд карда шудаанд. Маълум аст, ки аҳолии ин маҳал бо бисёр мамолики мутамаддини Шарқ, то ба фарҳанги мардуми Байнаннаҳрайн, Булуҷистон ва Ҳиндустон робитаҳои ҳарҷонибаи фарҳангию тиҷоратӣ доштаанд.

Тақрибан дар миёнаҳои ҳазораи 1 то мелод дар Осиёи Миёна як қатор шаҳрҳои калон – Марв, Балх, Самарқанд, дар ҳудуди Тоҷикистон Қалъаи амир ва Қалъаи Кайқубодшоҳ (Қабодиён, садаи III то м.), Куҳанқалъа (соҳили Вахш, асри 2 то м.),Қалъаи Ҳисор (асри 4 то м.) пайдо шудаанд, ки деворҳои ғафсу баланд ва арк доштанд. Аксари ин шаҳрҳо аз рӯйи нақша сохта шуда, кӯчаҳои рост ва маҳаллаҳои чоркунҷа доштанд. Дар ин шаҳрҳо деворро бо гил ё гач андова карда, андоваи гачиро тавассути кандакорию нақшунигор ё усули гуногуни хиштчинӣ оро медоданд. Дар давраи эллинизми Шарқ таҳти таъсири услуби меъмории Юнону Рум дар бандубасти биноҳои Осиёи Миёна дигаргуниҳо ба вуҷуд омада, баъзе ҷузъҳои меъморӣ такмил ёфт ва истифодаи санг (дар сутунсозӣ) ва хишти пухта (дар сохтани тоқу равоқҳо) маъмул гардид. меъмори хусусан, дар давраи давлати Порт ба авҷи тараққиёт расид. Димнаи пойтахти ин давлат – Нисо гаронбаҳотарин осори санъати меъмори аст. меъмории давраи Кушониён охирин зинаи маданияти эллинии Шарқи Миёна ба шумор рафта (Тали Барзу дар Суғд, Холчиён дар Деҳнав, садаи I то м., Қаротеппа дар Тирмиз, садаи I м – 2 м ва ғайра), анъанаи меъмории қарнҳои гузаштаро идома додааст. Осори меъмории ин давраро суратҳои рӯйи девор, ҳайкалу муҷассамаҳо, сутунҳои бошукӯҳ оро додаанд. Аз меъмории давраҳои аввали феодализм дар Осиёи Миёна (асриҳои 5 - 8) осори сершумори қалъаву кӯшкҳо, инчунин комплекси қасрҳои калон ва шаҳрҳо маҳфуз мондаанд. Дар байни онҳо, махсусан, кӯшки Чилҳуҷра (наздикии Шаҳристони ҳозира) ва Қалъаи Боло (ноҳияи Исфара) мақоми махсус доранд. Дар бандубасти бино низ навигариҳо пайдо шуд. Агар равоқу тоқҳои пешин нимдоира бошанд, акнун сохтани равоқу тоқҳои “румӣ” (пайконӣ) маълум мегардад. Равоқу гунбазҳоро аксар аз хишт бе истифодаи чӯб, бо ёрии бағала ва шарафа месозанд. Димнаи Панҷакенти Қадим низ оид ба услуби шаҳрсозии Осиёи Миёна маълумоти гаронбаҳо медиҳад. Дар осори меъмории ин давр ороишот бойтар гардида, суратҳои рӯйидеворӣ, муҷассамаҳои кандакории чӯбу гаҷ ва ғ. инкишоф меёбад. Истилои араб ва ҷорӣ шудани дини ислом дар Осиёи Миёна боиси пайдоиши як қатор биноҳои нави меъмори (мадраса, масҷид, хонақоҳ, манора ва ғ.) гардид. Дар давраи давлати мутамаркази Сомониён (асрҳои IX - X) истифодаи хишти пухта маъмул шуд. Яке аз аввалин биноҳое, ки аз хишти пухта сохта шудааст, мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро мебошад. Ёдгориҳои барҷастатарини меъмории асрҳои X – XII – и Тоҷикистон мадрасаи Хоҷа Машҳад, мақбараи Хоҷа Сарбоз, мақбараи Хоҷа Дурбад (дар Шаҳртуз) мазори кандакории чӯбини Чоркӯҳ (дар Исфара), Қасри Ҳулбук (дар ноҳияи Восеъ), Масҷиди Сангин (дар Ҳисор) ва ғ. мебошанд, ки аз бадеият ва анъанаҳои бойи М. – и халқӣ баҳравар шудаанд. Ба меъмории – асрҳои XIV – XVI ғояҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва бадеии давраи феодализми Осиёи Миёна хос буда, шукӯҳу салобат ва қудрату тавоноии ҳокимону давлатдоронро намоиш медод. Дар аҳди темуриён дар ҳудуди Тоҷикистон масҷиди Кӯкгунбаз (дар Истаравшан), мақбараи Амирсаиди Ҳамадонӣ (дар Кӯлоб), мақбараи Шайх Муслиҳиддин (дар Хуҷанд), мақбараи Абулқодири Ҷелонӣ, мақбараи Боботағо, Сари Мазор (дар Истаравшан), мақбараи Махдуми Аъзам (дар Ҳисор), масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ (наздикии Душанбе) ва ғ. офарида шудааст, ки бо зебоӣ, шукӯҳу салобат, ороишоти бой ва нафиси худ ҷолиби диққатанд. Ёдгориҳои меъмории давраи охирҳои феодализм (асрҳои XVII - XIX) мақбараи Холбойқаро (дар Ваҳдат), мадрасаи Мирраҷабдодхоҳ (дар Конибодом), Мадрасаи Кӯҳна ва Масҷиди Сангин (дар Ҳисор), масҷиди Миролимдодхоҳ (дар Панҷакент) ва ғ. мебошанд, ки дар худ бозёфту комёбиҳои осори меъмории асрҳои XIV – XVI – ро равшан таҷассум намудаанд. Аксари онҳо беҳтарин намунаҳои ҳунарҳои анъанавии тоҷикон – наққошӣ, кандакорӣ, кошикорӣ, минокорӣ, хаттотӣ ва ғ. мебошанд. Бандубасти мукаммал, ҳашамат ва назокати ин ёдгориҳо шаҳодати дасти эъҷозофарини меъморони ин сарзаминанд.[1]

  • Муқимов Р., Мамаджанова С. Энсиклопедия памятников. — Душанбе, 1981
  • Муқимов Р., Сабзов У. Архитектурные памятники Гиссарской долины. — Душанбе, 2014.
  • Салия Мамаджанова, Рустам Муқимов. Архитектура и градостроительство Душанбе (история, теория и практика). — Душанбе, 2008.

Пайнавиштҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015. - С. 370-371