Саодатхон Азизова
Саодатхон Азизова | |
---|---|
Саодатхон Абдуқаҳҳоровна Азизова | |
Зодгоҳ: | Панҷакент |
Касб: | ҳунарпеша |
Мукофотҳо: | Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон |
Саодатхон Азизова – ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2006). Узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон (аз с. 1987).
Зиндагинома[вироиш]
Саодатхон Азизова 30 июли соли 1951 дар ш. Панҷакент ба дунёомадааст. Хатмкардаи ДДОТ (1973). Ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1973 – 1977), Театри мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи ш. Кӯлоб (1977 – 1981), Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов (1981 – 1990), Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавони «Аҳорун» (1990 – 1998). Аз с. 1998 актёри Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ. Аз с. 2002 дар кафедраи маҳорати актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дарс медиҳад.
Эҷодиёт[вироиш]
Саодатхон Азизова актёри соҳибистеъдод буда, ролҳоро самимию табиӣ меофарад, олами ботинии қаҳрамонҳоро бо маҳорати баланд мекушояд. Дар саҳнаи театрҳо ролҳои бисёре офаридааст:
- Модар («Айбнома»-и Н. Думбадзе),
- Адиба («Итихоби домод»-и Ҳ. Содиқ),
- Антигона («Муборизон»-и М. Карес),
- Соҳибхона («Мӯъҷизаи муқаррарӣ»-и Е. Шварс),
- Аноргул («Восеъ»-и С. Улуғзода),
- зани осиёббон («Марги Яздигурд»-и Б. Байзоӣ),
- Меҳрбону («Шоҳ Исмоили Сомонӣ»-и М. Бахтӣ),
- Марямбону («Хусрав ва Ширин»-и М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ),
- зан («Юсуфи гумгашта»-и Ф. Қосимов),
- Зарема («Охирин хатои Искандар»-и Б. Абдураҳмонов),
- Регина («Шоҳ Лир-и» У. Шекспир),
- Муғулхотун («Нангбардори миллат»-и М. Бахтӣ),
- Хонзода («Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза),
- Қаламқош («Дод аз дасти Афандӣ»-и Ғ. Ашӯров ва ғ.
Дар фестивал-озмуни «Парасту» роли зани осиёббон аз намоишномаи «Марги Яздигурд» беҳтарин роли занона дониста шуд.
Азизова дар кинои тоҷик низ ролҳои ҷолиб офаридааст:
- Нафиса («Гумон»-и Аброр Зоҳир),
- зан («Пой дар гил»-и Ғ. Ашӯров),
- янгаи Меҳрубон («Дар орзӯи падар»-и К. Мирзоев),
- ҳамсоя («Гумгаштапайдо»-и М. Ғоиб),
- Гулбибӣ («Пайванд шикаста»-и М. Юсуфӣ),
- Зилзила («Маҳдӣ»-и С. Афардӣ).[1]
Азизова муаллиф ва муҳаррири барномаи «Дар масири ёдҳо» дар шабакаи якуми телевизион мебошад. Ӯ дар ҳайати эҷодии театрҳо ба Эрон (1992, 1994, 1999, 2000, 2003), Полша (1996), Белгия (1993, 2003), Голландия (2003), Франсия (2003), Россия сафарҳои ҳунарӣ кардааст.
Ҷоизаҳо[вироиш]
Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» сарфароз гардидааст.
Адабиёт[вироиш]
Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.
Пайвандҳо[вироиш]
- ↑ Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе,2012, — 396 с. — ISBN 978-99947-919-4-1.
![]() |
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Панҷакент
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Синамогарони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода
- Занҳои Тоҷикистон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Мақолаҳои хурд, ниёзманди аниқсозии шаблон
- Ашхос аз рӯи алифбо