Сарбадорон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлати Сарбадорон
1337 — 1381


Шакли ҳукмронӣ подшоҳӣ

Давлати Сарбадорон (форсӣ: سربداران‎) — давлати сулолаи тоҷикии асримиёнагие дар Хуросон. Арзи вуҷуд аз соли 1337 то соли 1383.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлати Сарбадорон яке аз давлатҳои охирини сулолаи тоҷикии асримиёнагие буд, ки дар Хуросони Ғарбӣ аз соли 1337 то соли 1383 арзи вуҷуд дошт. Ба таъсиси ин давлат ду қувва сабаб шудааст.

Қувваи аввал. Дар яке аз рӯзҳои соли 1335, замоне ки Абӯсаиди Элхони муғул ҳукмронӣ мекард, элчиҳои муғулбарои ҷамъоварии андоз ба деҳаи Боштини минтақаи Байхаки воқеъ дар Хуросон ворид шуда, дар хонаи бародарон Ҳасан ва Ҳусейн маскан гирифтанд. Шабе муғулҳо аз ин бародарон шаробу духтар хостанд. Бародарон ба элчиҳо шароб оварданд, вале духтар ҳозир накарданд. Элчиҳо, ки ҳамагӣ панҷ нафар буданд, шаробро нӯшида, маст шуданд. Баъд хонуми ин хонадонро талаб карданд. Бародаронро нангу номус боло гирифта элчиҳои муғулро аз дами теғ гузаронданд. Вазирн Элхонҳо бар зидди бародарон Ҳасан ва Ҳусейн дастаи мусаллаҳ фиристод. Аз ин иқдоми Элхонҳо мардуми деҳа бохабар шуда, ба шӯр омаданд. Ин замон паҳлавон Абдураззоқи Боштинӣ, зодаи ҳамин ҷову амалдори султон Абӯсаъидхон буд, ба деҳааш омад. Ӯ миқдоре аз амволи давлтиро аз они худ карда буд. Бинобар ҳамин сабаб аз ғазаби Элхонҳо панаҳ меҷуст. Воқеан Ҳасан ва Ҳусейн ба ӯ ба кор омад. Абдураззоқи Боштинӣ мардуми деҳаро ҷамъ намуда, ба онҳо арз кард, ки ин ҳодиса барои мо нанговар аст. Ҳама чун як тан бояд барои ҳифзи номуси худ бар зидди муғулхо бархезем. Дар ин мубориза ё ғалаба мекунем ва ё сар ба дор медиҳем.

Қувваи дуюм. Шайхе, ки Халифа ном дошт, аз Мозандарон ба Сабзавор омада, дар ин ҷо муридони зиёд пайдо намуд. Онҳо мардуми Сабзаворро, ки суннимазҳаб буданд, ба мазҳаби шиъа мегардонданд. Баъди қатли Халифа яке аз муридони ӯ, ки Шайх Ҳасани Ҷӯрӣ ном дошт, кори Халифаро бо вусъат идома дод. Дар натиҷа ӯ ҷонибдорони зиёд пайдо намуд. Вале Ҳасани Ҷӯрӣ дар қалб мақсади дигар мепарварид. Мехост, ки давлати тоҷиконро бунёд кунад. То ин вақт ӯ дар байни мардум пинҳонӣ кор мебурд. Вале барои Ҳасани Ҷӯрӣ, хушбахтона, воқеаи сарбадорон мувофиқи мақсад ва айни муддао буд. Сарбадорон бо шайх Ҳасани Ҷӯрӣ забон як карданд. Ин ду қувва бо ҳам як шуда, давлати Сарбадоронро таъсис доданд.

ҲОКИМОНИ АВВАЛИНИ ДАВЛАТИ САРБАДОРОН[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосгузор ва ҳокими аввалини давлати Сарбадорои Абдураззоқи Боштинӣ буд. Ӯ ба давлати навтаъсис, ки он аз соли 1337 то соли 1344 давом кардааст, ҳамагӣ ду сол роҳбари кард. Ӯро бародараш Ваҷеҳуддини Масъуд кушта, ба тахт соҳиб шуд. Маҳз дар замони ҳукмронии Ваҷеҳуддини Сабзавор ба пойтахти давлати Сарбадорон табдил меёбад. Ӯ лашкарашро ба қувваҳои шайх Хасан ҳамроҳ карда, шаҳри Нишопурро низ ба даст даровард. Баъди нн ҳардуи онҳо ба давлати Куртҳои Ҳирот лашкар кашиданд, вале шикаст хӯрданд. Ваҷеҳуддин бошад, баъди чанде дар Мозандарон аз тарафи мардум ба қатл расонда шуд.

ИХТИЛОФИ САРБАДОРОН[вироиш | вироиши манбаъ]

Чаро дар айни задухӯрд бо Куртҳои Ҳирот Ваҷеҳуддин шайх Ҳасанро қатл кард? Сабабаш он буд, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани Ваҷеҳуддин дар байни ӯ ва шайх Ҳасан ихтилоф ба амал омада буд. Тарафдорони Ваҷеҳуддинро «сарбадор» ва тарафдорони шайх Ҳасанро «шайхиён» ном мебурданд. «Сарбадорон» ҷонибдори заминдории хурд ва миёна, муқобилони умумигардонидани молу мулк ва «шайхиён» бошанд, ҷонибдори ҳамагонӣ кардани молу мулк, яъне баробарихоҳ буданд. Тарафдорони «шайхиён»-ро ҳунармандону деҳқонони камбағал ташкил мекарданд. Баъд аз вафоти амир Ваҷеҳуддин зиддияти ин ду гурӯҳ рӯйрост зуҳур ёфт. Вале сарфи назар аз ин ихтилоф, ниҳоят дар байни онҳо якдигарфаҳмӣ ба вуҷуд омад, чунки ҳарду гурӯҳ ҳам мехостанд, ки давлати Сарбадорон мустақилият ба даст дарорад. ШАХСИЯТИ ВАҶЕҲУДДИН. Ваҷеҳуддин амири аз ҳама бузургтарин ва ягонаи Сарбадорон дониста шуд. Баъд аз вафоти ӯ боз даҳ нафари дигари сарбадорон ба ин мартаба расиданд, лекин ягон нафари онҳо ба унвони «амирӣ» мушарраф нагардид. Ҳар кадоми онҳоро Сарбадорон ва мардуми одӣ ҳамчун ҷонишинони Лутфуллоҳ ибни Ваҷеҳуддин мешинохтанд. Яъне, Ваҷеҳуддин доҳии Сарбадорон ба шумор мерафт.

ҲУКМРОНИИ САРБАДОРОНИ ДИГАР[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз кушта шудани Ваҷеҳуддин ба тахти ҳокимии Сарбадорон аввал Муҳаммади Ойтемур ва баъд Кулӯ Исфандиёр нишаст, вале онҳо бо сабабҳои гуногун қатл карда руданд. Сипас. Шамсуддин ба ҷои Исфандиёр ба тахт нишаст. Ӯ давлати Сарбадоронро идора карда натавонист. Барои ҳамин ҳам ба ҷои ӯ ба тахт Ҳочӣ Шамсиддини Алӣ нишаст.

Шоҳи нав дар давлати Сарбадорон то як дараҷа тартибу низом ҷорӣ намуд. Мамлакатро ба худ тобеъ карда, шаҳри Домғонро боз пас гардонд. Вале дере нагузашта, Ҳайдари Қассоб ном амалдори давлатӣ бо ёрии Хоҷа Яҳёи Қаробӣ Шамсиддини Алиро қатл карда, худи Хоҷа Яҳёро ба тахти ҳокимиии Сарбадорон шинонд. Хоҷа Яҳё шахси доно ва маккор буд. Ӯ бо баҳонаи «сулҳ кардан» бо дастаи 300-нафара ба назди ҳокими охирини Элхонӣ — Тағойтемурхон раҳсипор шуд. Ҳангоми гуфтушунид ӯ бо дастаи худ ногаҳон ба муғулҳо ҳуҷум карда, Тағойтемурхонро кушт. Ҳамин тариқ, Хоҷа Яҳё моҳи декабри соли 1353 ба ҳукмронии муғулҳо дар сарзамини Эрон хотима бахшид. Ҳокимияти давлати Элхонҳо, ки дар Эрон зиёда аз 100 сол вуҷуд дошт, акнун ба дасти ҳамин дастаи 300-нафара сарнагун шуд. Баъди Хоҷа Яҳё ба тахти ҳокимии Сарбадорон Хоҷа Хаҳируддин, Ҳайдари Қассоб, Лутфуллоҳ ва Ҳасани Домғонӣ бо навбат нишаста, ҳамон тавр кушта шуданд. Хоҷа Алии Мӯайид охирин шахсе буд, ки ба давлати Сарбадорон роҳбарӣ кардааст. Баъди он ки Темур Эронзаминро пурра ба худ тобеъ кард Алии Мӯайидро дар шаҳри Сабзавор ноиби худ таънин намуд. Ҳамин тавр давлати Сарбадорон соли 1383 аз байн рафт.

Давлати Сарбадорон аз ибтидои таъсиси худ марказиятнок ва пурзӯр набуд. Маҳз аз ҳамин сабаб амиру ҳокимони он тез-тез қатл карда мешуданд ва ё ба ҷои яке дигаре менишаст.[1]

Сарбадорони Самарқанд[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Осиёи Миёна ба сарбадорони Хуросон тақлид намуда халқи заҳматкаш зидди ҳокимони маҳаллӣ барои нигоҳ доштани истиқлол зидди муғулҳо соли 1365—1366 бо сарварии толибилми мадраса Мавлонозода шӯриш барпо намудааст, ки бо номи ҷунбиши сарбадорони Самарқанд маълум аст. Вале ин ҷунбиши сарбадорони Самарқанд аз ҷониби амир Темур бартараф карда шудааст.

Инчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]