Сарбанд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Шаҳр
Сарбанд
Парчам Нишон
Flag of Tajikistan.svg Emblem of Tajikistan.svg
Давлат
Тоҷикистон
Вилоят
Вилояти Хатлон
Координатаҳо
Забони расмӣ
Аҳолӣ
16 100 (2016) нафар
Гурӯҳҳои миллӣ
Гурӯҳҳои динӣ
Вақти минтақавӣ
Коди телефон
+992
Нишонаи почта
735 147
Коди автомобилӣ
03 TJ
Нишон/пинҳони харита
Сарбанд (Тоҷикистон)
Сарбанд

Сарбанд (собиқ ш. Калилининобод) — яке аз шаҳрҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. Аҳолии Сарбанд дар соли 2016 16 100 нафар буд,[1]. массоҳаташ 5 км кв. ташкил мекард.

Таърих[вироиш]

Ба сохтумони шаҳри Калининобод 21 марти соли 1955 сар карданд. Дар ин мавзеъ ягон ҷойи соябону хонаи одамон набуд бо ҳамин мақсад аввал ба сохтани Обанбори шаҳр машғул шуданд. Сохтмони Обанборро соли 1961 ба итмом расонданд. Дар баробари ин аз соли 1957-1958 ба сохтани махаллаҳо сар карданд. Аввалин хонаҳое, ки сохташуда буданд ин кучаи Калинин мебошад, ки он шакли "барак"ро ташкил намуда аз шаш хона ва ду хуҷра иборат буд. Баъдан беморхона, кӯдакистон, мактаб, хонаи маданият, ҳукумат, хонаҳои ошиёнадор ва ғайраҳоро ба сохта шуданд. Соли 1958 шаҳри Калининобод номи худро соҳиб гаштааст. Кӯчаҳои шаҳрро дар он солҳо ба номи Калинин, Крупская ва диг ном мебурданд. Ва ҳоло ҳам номи кучаҳои шаҳр бо номи Калинин, Ленин, Рудакӣ, Сомонӣ, Фирдавсӣ, Навобод ва диг. Дар ибтидои солҳои 70-ум дар Калининобод аввалин корхонаи азими саноатӣ — заводи азотбарории Вахш (русӣ Вахшский азотно-туковый завод) сохта ба истифода супорида шуд. То шаҳри Калининоюод ва заводи номбурда дар миёнаҳои солҳои 70-уми асри гузашта хати роҳи оҳани Қурғонтеппа - Тирмиз пайваст карда шуда буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ завод аз фаъолият бозмонд ва гарчанде баъд аз ҷанг ба корхонаи муштарак бо сармояи хориҷӣ азнав барқарор шуда бошад ҳам фаъолияташ ба сабаби буҳрони иқтисодӣ қатъ карда шудааст. Аҳолии шаҳр, бо сабаби ба майдони мухолифати низомӣ табдил ёфтани кӯчаҳои шаҳр (1992-1996) манзилҳояшонро тарк намудаанд. Шаҳри Калинобод аз 2 феврали соли 1996 номи Сарбандро соҳиб шуд. Сарбанд ба номи саргаҳи об ниҳода шудааст, чунки шаҳр дар саргаҳи об аст.

Ҳукумат[вироиш]

Мувофиқи Конститутсия мақомоти маҳаллии намояндагӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро Раис роҳбарӣ мекунад. Вакилони Маҷлиси маҳаллӣ аз тарафи интихобкунандагон дар асоси ҳуқуқи интихоботи умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Маҷлисҳои вакилони халқ дар ҳадди салоҳияти худ фаъолияташонро мустақилона пеш мебаранд Маҷлиси вакилони халқ фаъолияти худро дар иҷлосияҳо, ба воситаи кори доимии комиссияҳои доимӣ ва дигар комиссияҳо, инчунин бо роҳи ваколати худро татбиқ намудани вакилон амалӣ менамояд. Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ иҷлосия мебошад, ки дар он ҳамаи масъалаҳои ба салоҳияти он гузошташударо ҳал мекунад.


Эзоҳ[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: