Jump to content

Сардхунҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Сардхунҳо, ҳайвонҳои пойкилотермӣ (аз юнонӣ — гуногун, тағйирёбанда ва шегте — гармӣ) — як гурӯҳ ҷонваронеро гӯянд, ки ҳарорати баданашон вобаста ба ҳарорати муҳити беруна тағйир ёфта меистад. Ба сардхунҳо ҳамаи бемуҳраҳо, моҳиҳо, обхокиҳо ва хазандаҳо мансубанд. Ҳарорати бадани сардхунҳо одатан ба ҳарорати муҳити беруна баробар ё аз он ҳамагӣ 1—2°С баланд аст. Дар натиҷаи фурӯбурди гармии офтоб ё кори мушакҳо ҳарорати бадани аксари онҳо баланд мешавад.

Масалан, харорати бадани говзанбӯр дар вақти парвоз ҳангоми 4—8°С будани ҳарорати ҳаво ба 38—44°С мерасад, вале баъди ба охир расидани парвоз зуд хунук шуда, ба ҳарорати муҳити беруна баробар мешавад. Аз ҳад зиёд баланд ва ё паст шудани ҳарорати муҳити атроф Сардхунҳоро карахт мекунад ё онҳоро ба ҳалокат меорад. Аксари онҳо қисми зиёди сол карахт мебошанд. Масалан, сангпушти даштӣ соле ҳамагӣ 3 моҳ фаъол мебошаду халос. Ба туфайли суст инкишоф ёфтани системаи асаби марказӣ ва паст будани мубодилаи моддаҳо Сардхунҳо механизмҳои танзими ҳарорат надоранд.