Сафаралӣ Кенҷаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сафаралӣ Кенҷаев
2 декабри 1991 — 22 апрели 1992
майи 1992
 — 11 августи 1992
Пешгузашта Акбаршо Искандаров
Ҷонишин Акбаршо Искандаров
Таваллуд

18 феврал 1942(1942-02-18)
Чоррякорон, Ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон

Даргузашт

30 март 1999(1999-03-30) (57 сол)
Душанбе, Тоҷикистон

Ҳизб

Ҳизби коммунистии Тоҷикистон

Таҳсилот
Дараҷаи илмӣ

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ[1]

Касб

ҳуқуқшинос

Эътиқод

ислом

Сафаралӣ Кенҷаев (Кенҷаев Сафаралӣ Кенҷаевич; 18 феврали 1942 — 30 марти 1999) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик, муассис ва роҳбари «Фронти халқӣ» (1992) ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (1996), Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон (1991—1992).

Зиндагинома[вироиш]

Сафаралӣ Кенҷаев 18 феврали соли 1942 дар деҳаи Чоррякорони ноҳияи Ленин ҶШС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Гузаштагонаш яғнобӣ буданд[1]. Фаъолияти меҳнатиашро аз обмони оддӣ дар колхози «Бурднок» оғоз кардааст[1]. Соли 1965 ӯ факултаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Аз соли 1975 то соли 1983 дар вазифаҳои прокурори ноҳияи Фрунзеи Душанбе, ва сипас аз соли 1983 то соли 1989 ҳамчун прокурори нақлиёти ҶШС Тоҷикистон кор кардааст[2]. Соли 1989 ӯ муовини прокурори Роҳи оҳани Осиёи Миёнагӣ таъйин гардида ва моҳи феврали соли 1991 раиси Кумитаи назорати назди Президенти Тоҷикистон шуд[2]. 2 декабри соли 1991 Кенҷаев раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва то 22 апрели соли 1992 дар ҳамин вазифа фаъолият дошт. Сипас дар ҳодисаҳои муқовимати сиёсии солҳои 1992—1997 ҷонибдори Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон буд. Ӯ 30 марти соли 1999 аз ҷониби гурӯҳи террористӣ дар ш. Душанбе ба қатл расонида шуд.[3]

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]


Сарчашма[вироиш]