Сафаралӣ Раҷабов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Сафаралӣ Раҷабов
Парчам
Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 апрели 1995 — январи 2000
Пешгузашта: Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шӯрои Олӣ
Ҷонишин: Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчун раиси Маҷлиси Миллӣ
 
Эътиқод: ислом, суннӣ
Саннаи таваллуд: 2 сентябр 1955(1955-09-02)
деҳаи Чилча, Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, СССР
Марг: 6 октябр 2011(2011-10-06) (56 сол)
Ҳизб: КПСС,
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Касб: сиёсатшинос
 
Мукофотҳо:
Дорандаи ордени Исмоили Сомонӣ, Ордени «Иттиҳод»

Медали «20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Сафаралӣ Раҷабов (Раҷабов Сафаралӣ Раҷабович; 2 сентябри 1955, деҳаи Чилча, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, СССР6 октябри 2011, Душанбе, Тоҷикистон) — ходими давлатии Тоҷикистон. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ (2000), Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон. Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995–2000), Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000–2005). Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2005 то охири умр).

Зиндагинома[вироиш]

Раҷабов Сафаралӣ 2 сентябри соли 1955 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи индустриалӣ-омӯзгории Институти давлатии педагогии Душанбе (1977), факултаи механиконии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1989) хатм кардааст. Муаллими мактаби миёнаи № 8 (1977), мудири Клуби варзиши техникии ДОСААФ (1977–80), директори Комбинати байнимактабии таълимию истеҳсолии ноҳия (1981–86), директори Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 24 ноҳияи Файзобод (1986–89), депутат (аз соли 1990), котиб, ҷонишини раис ва раиси (аз соли 1993) Кумитаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон (1990–95), Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995–2000), Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000–05). Аз 17 марти соли 2005 то охири умр раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ. Бо орденҳои Исмоили Сомонӣ, «Иттиҳод» ва медали «20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Сарчашма[вироиш]