Jump to content

Саъдиниссо Ҳакимова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саъдинисо (дар ВАО)
Саъдиниссо Ҳафизовна Ҳакимова
Таърихи таваллуд 20 декабр 1924(1924-12-20)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 12 октябр 2015(2015-10-12) (90 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Ҷоизаҳо
Ордени ЛенинОрдени Дӯстии халқҳо Ордени «Нишони Фахрӣ»
Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
Аълочии соҳаи тандурустӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон.

Саъдиниссо Ҳафизовна Ҳакимова (20 декабри 1924, деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом12 октябри 2015, Душанбе) — пизишк, доктори илмҳои тиб (1958), профессор (1962), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1968), Аълочии соҳаи тандурустӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Саъдиниссо Ҳафизовна Ҳакимова хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1943). Ординатори шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб (1943-1944), роҳбари шуъбаи ҳифзи тандурустии вилояти Қӯрғонтеппа (1944-1946), ассистент (1946-1958) ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1958-1980), директори Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Тоҷикистон (1980-1993) кор кардааст.[1]

Фаолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳқиқоташ ба масъалаҳои танзими эндокринии фаъолияти насловарии зан, фаъолияти гормонии комплекси машимаю ҳамил ҳангоми ҳомилагии мӯътадил ва оризанок, фаъолияти усоравии тухмдон ва қабати қишрии ғадудҳои болои гурда дар шароити баландкӯҳ, камхунии занҳои ҳомила ва ғайра бахшида шудаанд. Маҳз бо кӯшишу талошҳояш дар бисёр шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ машваратгоҳҳои занона ва таваллудхонаҳои замонавӣ сохта шуданд, соли 1971 дар ҷумҳурӣ Лабораторияи проблемавии «Амрози занона, бемориҳои ирсӣ ва модарзодии кӯдакон» таъсис ёфт, ки соли 1980 дар заминаи он Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдак (ҳоло Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва педиатрия) ташкил карда шуд.Солҳои ҳафтодуми асри гузашта мактаби илмӣ амалии акушер гинекологҳои Тоҷикистон бо номи "мактаби Ҳакимова" шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Барои таъсиси ин мактаб монеаи зиёде пеш омада буд, аммо заҳматҳои Саъдиниссо Ҳакимова кор доданду он таъсис ёфт ва ба коркарду тадқиқот оид ба масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ва пеш аз ҳама солимии модару кӯдак машғул гардид. Он замон Саъдиниссо Ҳакимова ягона бонуе буд, ки пайи ҳалли мушкилоти зани тоҷик, модари тоҷик садҳо дарро мекӯфт, то ба ин мушкилот дигарон низ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва пайи ҳалли он чораҷӯӣ кунанд. То соли 1993 роҳбарии ин пажӯҳишгоҳро ба уҳда дошт, аммо чун дар кишвар нооромӣ ҳукмфармо буд, як муддат тарки ҷумҳурӣ намуд.[2] Теъдоди таълифоташ аз дусад мегузарад. Иштирокдори бисёр симпозиуму конгрессҳои байналмиллалии акушер-генекологҳо мебошад. Аз Осиёи Миёна аввалин бонуест, ки узви вобастаи Академияи илмҳои тиббии СССР гардидааст.

  • Сравнительная оценка методов ручного пособия при тазовых предложениях. – М., 1950;
  • Некоторые особенности нейро-гормональной регуляции сократительной деятельности матки в норме и паталогии: Дисс… доктора мед. наук. – М., 1958;
  • Физиология и патология сократительной деятельности матки женщины. – Сталинабад, 1959;
  • Основы эндокринологической гинекологии (ҳаммуаллиф). – М., 1966;
  • Роль эстрогенов в синтезе ДНК и митотической активности эпителия эндометрия. – Д., 1970;
  • Акушерская эндокренология. – Д., 1976;
  • Железодефецитная анемия ӯ беременных. – Д., 1979;
  • Физиология и патология крови ӯ беременных. – Д., 1978;
  • Гемоглобинопатия в Таджикистане. – Д., 1980;
  • Скрытый дефицит железа и профилактика железодефецитной анемии ӯ беременных. – Д., 1984;
  • Анемии ӯ беременных. – Д., 1986; Алементарные анемии ӯ беременных. – М., 1988;
  • Принципы оказания контрацептивной помощи женщинам, больным анемии. – Д., 1988 (соавтор);
  • Комплекс мероприятий по оздоровлению условий труда и охраны здоровья женщин в хлопководстве. – Д., 1988 (соавтор);
  • Гемоглобинопатии о беременных. – Д., 1999;
  • Танзими оила. – Д., 2004;
  • Одоб. – Д., 2004;
  • Илми ахлоқ ва одоб. – Д., 2010 (ҳаммуаллиф).[1]
  • орденҳои Ленин,
  • Дӯстии халқҳо,
  • «Нишони фахрӣ»,

медалҳои

  • "Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945",
  • Аълочии соҳаи тандурустӣ,
  • Аълочии маорифи Тоҷикистон,
  • Арбоби шоистаи Илми ҶШС Тоҷикистон,
  • Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон.[2]
  • Негматов Н. Расулов М. Хакимова Д. Выдающаяся ученая и врач Саъдиниссо Хакимова. – Хуҷанд, 1999;
  • Мирраҳим М. Саъдиниссо… – Душанбе, 2014.
  1. 1.0 1.1 Ҳакимова Саъдинисо Ҳафизовна(тоҷ.). old.tajmedun.tj/ehnciklopedija. 18 апрели 2019 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 АВВАЛИН. 90 сол бо дарди миллат. 11 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июли 2017.