Саъдулло Назруллоев
Саъдулло Назруллоев (тав. 5.09.1936, деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз), муаррих, номзади илмҳои таърих (1973), дотсент (1980).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1958 факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1958–1961 муаллими фанни таърихи мактаби миёнаи №10 ноҳияи Кофарниҳон, 1961–1963 аспиранти кафедраи таърихи ИҶШС, 1963–1995 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС ва кафедраи таърихи халқи тоҷик, муовини декани факултети таърих оид ба тарбия ва таълим, 1995– 1998 декани факултети таърих, 1998–2008 дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд. Аз соли 2008 то ба имрӯз ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи умумии донишгоҳи омӯзгорӣ кор мекунад. Муаллифи 2 асар ва зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Таълифотҳояш таърихи тараққиёти нақлиёт ва сохтмони роҳҳо, роҳҳои оҳанро дар давраи истиқлол дар бар гирифтаанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сохтмони роҳҳо ва рушди нақлиёти Тоҷикистон дар панҷсолаи сеюм, Д.,1972;
- Дорожное строительство и развитие транспорта в Таджикистане в 1917–1941 гг., Д., 1979;
- Саҳми Б. Ғафуров дар сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон // Дар кит. Бобоҷон Ғафуров ва рушди таърихнигории миллӣ, Д., 2009.