Jump to content

Саъд ибни Абиваққос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саъд ибни Абиваққос
араб. ар. سعد بن أبي وقاص‎‎
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: бозаргон, сарлашкар
Таърихи таваллуд: 595
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: тақрибан 674 ё 675[1]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Модар: Q121615035?
Фарзандон: Umar ibn Sa'ad[d], Muhammed ibn Sa`d ibn Abi Waqqas[d], Amer ibn Sa`d ibn Abi Waqqas[d], Mus'ab ibn Sa`d ibn Abi Waqqas[d], A'isha ibn Sa`d ibn Abi Waqqas[d] ва Q50186478?
Ҷанг:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Саъд ибни Абиваққос ( ар. سعد بن أبي وقاص‎) — аз саҳобиюни барҷастаи Муҳаммад (с) ва фармондеҳи лашкари мусулмонон дар фатҳи Ироқ ва ҷузви қабилаи банӣ Зуҳра ибни Киллоб буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 595 ба дунё омада, аз қабилаи Бани Зуҳра (қабилае аз қабоили Қурайш) буд. Саъд ибни Абиваққос бародари Утба ибни Абиваққос, аз душманони сарсахти паёмбари ислом буд, ки гуфта шудааст, дар ҷанги Уҳуд дандони паёмбарро шикаст ва қабл аз фатҳи Макка кофир аз дунё рафт. Кунияи Саъд Абӯисҳоқ буд. Падараш Молик ибни Вуҳайб (ё Уҳайб) ибни Абдуманоф ибни Зуҳра, машҳур ба Абиваққос ва модараш Ҳумана духтари Абӯсуфён ибни Умая ибни Абдушшамс буд. Ӯ аз хонзодагони араб буда ва падару аҷдодаш эҳтироми болое дар назди аъроб доштанд. Кунияи вай Абӯисҳоқ аст, аммо гоҳе ба номи Саъд ибни Молик низ шинохта мешавад; Зеро номи падараш Молик ибни Вуҳайб (ё Уҳайб) ибни Абдуманоф ибни Зуҳра буд. Модари Муҳаммад (с) аз қабилаи банӣ Зуҳра аст ва бино бар ин, паёмбар (с) Саъдро ба унвони амуи модараш мавриди эҳтиром қарор медод. Ӯ дар ҷанги Қодсия дар баробари Эрон, фармондеҳи сипоҳи мусулмонон буд; Аз ин ҷиҳат, вайро сардори Қодсия мехонданд.[2]

Умар ибни Саъд аз тобеъини Муҳаммад (с), ки домоди Мухтор Сақфӣ буд ва Ҳусайн ибни Алӣ ва ҳамроҳонашро ба қатл расонд, фарзанди ӯ буд.

Пазириши ислом

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар манобеъи суннӣ ба зуд ислом овардани вай ишора шуда ва вайро 3, 7 ё нӯҳумин фарде медонанд, ки ислом овард ва ислом оварданаш дар замоне буд, ки намоз ҳанӯз воҷиб нашуда буд. Дар ин манобеъ, оёте аз Қуръонро дар шаъни вай нозилшуда медонанд ва вайро аввалин касе, ки дар ислом ҷангид ва тире партоб кард, дониста ва ба муҳофизаташ аз Муҳаммад (с) дар шаби баъд аз ҳиҷрат, ҳузураш дар тамоми ғазвоти Муҳаммад, ҷумлае, ки Муҳаммад танҳо ба вай (дар бархе манобеъ ба Зубайр низ) гуфта, ки падару модарам ба фидоият бод ва дуои паёмбар дар мавриди вай, ки тамоми хостаҳои Саъд бароварда шавад, ишора шудааст.[ниёзманд манбаъ]

  • Saʿd b. Abī Waḳḳāṣ / Hawting, G.R. // Encyclopaedia of Islam. 2nd ed : [англ.] : in 12 vol. / edited by C. E. Bosworth; E. van Donzel; W. P. Heinrichs & G. Lecomte[fr]. Assisted by P.J. Bearman and S. Nurit. — Leiden : E.J. Brill, 1995. — Vol. 8. (платн.)
  • Снесарев Г.П., Хорезмские легенды как источник по истории религиозных культов Средней Азии. Москва: Наука, 1983.
  • Джаббаров Иса, Древний Хорезм – страна высокой культуры и уникальной духовности (Этно-исторические очерки). М.: ИЭА РАН, 2014.
  • Маликов А.М. Культ святого Саад ибн Абу Ваккаса в Хорезме и Центральной Азии: история и современность // Хорезм в истории народов Евразии. Материалы международного симпозиума. Каскелен, 2019, с.25-34