Саҳифаи аслӣ
Айни ҳол дар Википедия 119 629 мақола ба забони тоҷикӣ навишта шудааст.
Ибни Сино

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا; 16 августи соли 980, деҳаи Афшона наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ буд. Ҳамчунин ахтаршинос, кимиёшинос, заминшинос, мантиқдон, палеонтолог, риёзидон, табиатшинос, шоир, равоншинос, файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу тоҷик ба шумор меравад.
Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ мебошанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Ал-Шифо» ва «Қонун» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то асри XIX истифода бурда шудаанд.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадим сарчашма гирифта, онҳоро бо ҳам омехтааст. Сино ҳамчун падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Вай инчунин асосгузори мантиқи синоӣ ва мактаби фалсафии синоӣ мебошад. Ӯ ҳамчун падари мафҳуми бунёдии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари заминшиносӣ» мешиносанд, ки дар таҳияи қонуни суперпозиция-и геологӣ саҳми муҳим гузоштааст.
Абунасри Форобӣ

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ. Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.
Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.
Нигораи рӯз
Оё медонед?
Аз мақолаҳои нави Википедия:

- Соли 1982 иваз кардани пӯёнамоии кӯтоҳи «Барзагов Фердинанд» бо «Мурғобичӯҷаи зишт» дар барномаи солинавии телевизиони Шветсия боиси эътирози густурдаи тамошобинон гардид ва соли баъдӣ он дубора ба эфир баргардонида шуд.
- Ба шарафи таҳқиқоти физикдони австриягӣ Ҳенрих Махе оид ба радон, воҳиди андозагирии «Махе» барои тавсифи фаъолнокии обҳои маъдании радиоактив номгузорӣ шудааст.
- Пӯёнамоии кӯтоҳи «Осиёби куҳна» (1937) аз силсилаи Silly Symphonies аввалин филми тасвирии Дисней буд, ки дар он камераи бисёрнақша истифода шуда, барандаи ҷоизаи «Оскар» гардид.
- Куҳантарин студияи пӯёнамоӣ дар ҷаҳон — Walt Disney Animation Studios соли 1923 аз ҷониби бародарон Уолт ва Рой Дисней пас аз баста шудани студияи «Laugh-O-Gram Studio» таъсис ёфтааст.
- Пӯёнамоии «Мурғобичӯҷаи зишт» (1939) ягона афсонаест, ки дар силсилаи «Silly Symphonies» ду маротиба (бори аввал соли 1931 ба сурати сиёҳу сафед) ба навор гирифта шудааст.
- Намоиши театрии «Оина» ба коргардонии ҳунарманди эронӣ Куруши Зореъӣ соли 2000 дар фестивали «Ҷодаи абрешим»-и Олмон бо истиқболи гарм ва тақдири ҳунармандони олмонӣ рӯбарӯ шуда буд.
Рӯйдодҳои кунунӣ
- Мавзуъоти муҳим
- Ҷанг дар Ховари Миёна

- Нависандаи бритониёӣ Майкл Ҷон Ҳаррисон барои романи «Поёни ҳама чиз» барандаи Ҷоизаи Букер дар соли 2026 гардид.
- Пас аз импичменти Сантяго Пеня, Педро Аляна президенти нави Парагвай шуд.
- Дастгоҳи байнисайёравии «Гера» ба таҳқиқи астероиди наздизаминии Дидим ва радифи он Диморф оғоз кард.
- Аз рӯи натиҷаи интихоботи миёндавраӣ дар ИМА, аксарияти курсиҳо дар Палатаи намояндагон ва Сенат ба Ҳизби демократ мегузарад.
- Дар Душанбе бинои нави Театри миллии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ» мавриди истифода қарор гирифтанд.
- Дар фазои иттилоотии Тоҷикистон шабакаи нави радиоии Радиои «Сафина» ба фаъолият оғоз намуд.
Ҳамкориҳои ҳафта
Википедия ҷойгиршуда дар сервери Бунёди Викимедиа — созмони ғайритиҷорӣ, ки дорои шуморе лоиҳаи чандзабона ва муҳтавиёти озод бо унвонҳои зер аст:
Викилуғат Фарҳанги вожаҳо
Викигуфтовард Гуфтовардҳо
Викикитоб Учебники
Викинабишта Матнҳои асл ва сарчашмаҳо
Викиахбор Хабарҳо
Викидонишгоҳ Сарчашмаҳои омӯзишӣ
Викинамуд Намудҳои биологӣ
Медиавики Нармафзори Вики
Викидода Пойгоҳи дониш
Викианбор Анбори расонаҳо
Викисафар Роҳнамои сафар
Фаро-вики Ҳамоҳангкунандаи лоиҳаҳо
