Jump to content

Сураи Ас Саҷда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Саҷда (сура))
Сура —
Маънои ном Саҷда
Гурӯҳбандӣ Маккӣ
Омор
Рақами сура 32
Шумораи оятҳо 30
Ҷузъ 21
Шумораи рукӯъ 3
Сураи гузашта Сураи Луқмон
Сураи раванд Сураи Ал Аҳзоб
Тарҷумаҳо QuranAcademy.org
Koran.IslamNews.ru

                                   

Ас Саҷда (араб. السجدةСаҷда) — сию дувум сураи Қуръон. Сура дар Макка нозил шудааст ва иборат аз 30 оят аст.

« Алиф, Лом, Мим. Нозил шудани ин китоб, ки дар он ҳеч шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст. Оё мегӯянд: «(Қуръонро) худаш бофтааст?» На, суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, тарсонӣ. Шояд ба роҳи ҳидоят раванд. Худост, ки осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ ба арш пардохт. Шуморо ҷуз Ӯ корсозу шафеъе нест. Оё панд намегиред? Корро аз осмон то замин сомон медиҳад. Сипас дар рӯзе, ки, миқдори он ҳазор сол аст, чунон ки мешуморед, ба сӯи Ӯ боло меравед. Ӯст, ки донои ниҳону ошкор аст. Пирӯзманду меҳрубон аст. Он кӣ ҳар чиро офарид, ба некӯтарин ваҷҳ офарид ва хилқати офаридани инсонро аз гил оғоз кард.
»
Сураи қаблӣ: Сураи Луқмон Сура 32Матни арабӣ Сураи баъдӣ: Ал Аҳзоб