Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Себистон (деҳа, н. Шаҳритӯс)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Себистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон | Хатлон
Ноҳия Ноҳияи Шаҳритӯс | Шаҳритӯс
Ҷамоат Деҳоти Пахтаобод
Таърих ва ҷуғрофия
Номҳои пешина Гагарин
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Шумора 459 тан (2013)
Миллатҳо тоҷикон
Дин мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
коди телефон +992

Себистон (то 2024 — Гагарин[1]) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритӯс.

Аз деҳа то маркази ноҳия 45 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 459 нафар (2013). Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асаосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гагарин хоҷагии деҳқонии «Гагарин» ва 5 хоҷагии деҳқонии хурд мавҷуд аст.

Гагарин соли 1982 таъсис ёфта, аҳолиаш аз ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ ва Колхозобод (ҳозира ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) бо мақсади обод намудани заминҳои бекорхобида ба ин деҳа кӯчидаанд.

  1. ADLIA. mmih.tj. 3 Декабри 2024 санҷида шуд.