Jump to content

Сезен Оксу

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сезен Оксу
тур. Sezen Aksu
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд тур. Fatma Sezen Yıldırım
Таърихи таваллуд 13 июл 1954(1954-07-13)[1][2] (70 сол)
Зодгоҳ
Солҳои фаъолият 1975 — то ҳол
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, оҳангсоз, шоири таронасаро, таронасаро, ҳунарпеша, таҳиякунандаи мусиқӣ, овозхони истудиё
Сабк мусиқии поп
Номи мустаъор Kiçik Sərçə ва Minik Serçe
Ношир(он) Raks Müzik[d]
Соядаст
Соядаст
sezenaksu.com.tr(тур.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сезен Оксу ( тур. Sezen Aksu, номи аслияш Фатма Сезен Йилдирим тур. Fatma Sezen Yıldırım; насл. 13 июли 1954 ) сарояндаи попи турк, продюсер ва муалифи сурудҳои зиёдест, ки ҳам дар Туркия ва ҳам дар хориҷ аз он маъруфият дорад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сезен Оксу соли 1954 дар шаҳри Денизли таваллуд шудааст. Модараш, ки муаллим буд ва падар ба духтарча Фатма Сезен ном гузоштанд. Хонаводаи ӯ дар сесолагиаш ба Измир кӯч бастанд ва айёми кӯдакӣ ва наврасиашро дар он ҷо сипарӣ кардааст [3] . Дар ибтидои фаъолияти худ, бо барандаи ояндаи Евровижн аз Туркия Сертаб Эренер кор мекард.

Оксу якҷоя бо дугонааш Оҷдо Пеккан Оксу дар гузоштани пояҳои мусиқии попи турк дар солҳои 1970 маъруфият доранд. Он дар Балкан [4] ва Юнон низ маъруфят ба даст оварда аст. Оксу инчунин ба Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида сафар карда, ки ин сафарҳояш таваҷҷӯҳи интиқодиро ба ҳамроҳ доштааст.

Оксу мавқеи фаъоли сиёсию маданӣ дорад. Вай аз ислоҳоти конститутсионӣ, ҳуқуқи ақаллиятҳо, ҳуқуқи занон, ҳифзи муҳити зист ва ислоҳоти маориф дар Туркия пуштибонӣ кардааст. Вай чаҳор бор издивоҷ кард ва аз ҳам ҷудо шуд, аммо насабашро аз издивоҷи дуввумаш бо Алӣ Энгин Оксу, геолог, ки ҳоло дар Канада зиндагӣ мекунад, нигоҳ доштааст. Ӯ аз Синан Озар бо номи Митхат Ҷон, ки овозхони асосии гурӯҳи Pist'on аст, писаре дорад.

Дискография

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 1977 — Allahaısmarladık
  • 1978 — Serçe
  • 1980 — Sevgilerimle
  • 1981 — Ağlamak Güzeldir
  • 1982 — Firuze
  • 1984 — Sen Ağlama
  • 1986 — Git
  • 1988 — Sezen Aksu’88
  • 1989 — Sezen Aksu Söylüyor
  • 1991 — Gülümse
  • 1993 — Deli Kızın Türküsü
  • 1995 — Işık Doğudan Yükselir
  • 1996 — Düş Bahçeleri
  • 1997 — Düğün ve Cenaze
  • 1998 — Adı Bende Saklı
  • 2000 — Deliveren
  • 2002 — Şarkı Söylemek Lazım
  • 2003 — Yaz Bitmeden
  • 2005 — Bahane
  • 2005 — Bahane Remixes
  • 2005 — Kardelen
  • 2008 — Deniz Yıldızı
  • 2009 — Yürüyorum Düş Bahçeleri’nde…
  • 2011 — Öptüm
  • 2017 — Biraz Pop Biraz Sezen
  1. filmportal.de — 2005.
  2. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. Sezen Aksu Biyografi.info.. web.archive.org(пайванди дастнорас — таърих) (17 марти 2016). 22 ноябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 марти 2016.
  4. Goran Bregovic: Welcome to Bregovic. The Guardian(пайванди дастнорас — таърих) (21 июли 2009). 13 июли 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 13 июли 2022.