Секуляризм

Секуляризм ( фр. sécularisme), ҷудоии дин аз давлат ё ҷудоангории дин аз сиёсат, дар маънои луғавӣ ба маънии гетигароӣ ва дунягароӣ мебошад; ақидае, ки бар ҷудоии ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ашхосе, ки бар курсии давлат менишинанд, аз ниҳодҳо ва мансабҳои динӣ асос меёбад. Ин андеша ба таври умумӣ реша дар Асри равшангарӣ дар Аврупо дорад. Секуляризм, дунявият, гетигароӣ — мафҳумест, ки тибқи он ҳукумат ва дигар сарчашмаҳои волоияти қонун бояд аз ҳар як намуди дин ҷудо бошанд. Аз як тараф, дунявият метавонад маънои озодӣ аз қонунҳо ва таълимоти динӣ ва набудани маҷбурӣ ба эътиқоди диниро аз ҷониби давлат ва ҷомеа дошта бошад, ки бояд дар масъалаҳои дин бетараф бошанд. Аз тарафи дигар, дунявият метавонад мафҳумеро дар назар дошта бошад, ки фаъолияти одамон, бахусус фаъолиятҳои сиёсӣ, бояд ба далелҳо ва исботҳо асос ёфта, бинобар дахолати динӣ бетараф бошанд.
Дунявияти ҳозира аз аъмоли файласуфони қадим монанди Эпикур ва Марк Аврелий, аз осори исломиёни асримиёнагӣ ва мутафаккирони Аврупо (Ибни Рушд, Марсилий Падуанский), файласуфони давраи Маърифатнокӣ (Дидро, Волтер, Ҷефферсон) асос меёбад.
Мафҳумҳое чун Ҷудоии дин аз сиёсат, ҷудоии Калисо ва Ҳукумат дар Амрико, ва Лаитсизм дар Фаронса ва Туркия бар пояи секуляризм бунёд ёфтаанд; аммо дар кишварҳое мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон, Арабистон, Афғонистон ва Ироқ, ҳукуматҳо бо Ҷудоии дин аз сиёсат мухолифанд.
Ҳадафҳо ва далелҳо барои пазируфтани секуляризм хеле гуногунанд. Бархе иддао мекунанд, ки дар чорчӯби лаитсизм аврупоӣ, секуляризм як ҳаракат ба сӯи мудернизм ва дур шудан аз арзишҳои динӣ аст. Бархеи дигар бар онанд, ки секуляризм дар Амрико бештар ба ҳифзи дин аз давлат равона шудааст ва дар сатҳи иҷтимоӣ камфаъолтар будааст.[1]
Секуляризм ҳамчун нахустин нишонаи мудернӣ ном бурда шудааст.[2] Дар миёни кишварҳо, ҷунбишҳои сиёсии гуногун секуляризмро бо сабабҳои мухталиф пуштибонӣ мекунанд.
Дунявиятро набояд бо атеизм ва бепарвоӣ (индифферентизм) омехт. Раванди дунявиятро аксар вақт секуляризатсия (дунявигардонӣ) меноманд.
Вожаи «секуляризм» барои нахустин бор аз ҷониби нависандаи бритониёӣ Ҷорҷ Ҳолиук дар соли 1866 истифода шудааст. Ҳарчанд ин истилоҳ нав буд, аммо мафҳуми умумии озодие, ки секуляризм бар пояи он бунёд ёфтааст, дар тӯли таърих вуҷуд дошт.
Идеяҳои ибтидоии секуляриро метавон дар осори Ибни Рушд (Аверроэс) пайдо кард. Ӯ ва пайравони мактаби Аверроизм бар ҷудоии дин аз фалсафа бовар доштанд. Ҳолуик ин андешаи ҷудоии ҷомеа аз динро бидуни кӯшиши интиқоди эътиқодҳои динӣ матраҳ кард.
Ҳолиук як агностик буд ва ба андешаи худи ӯ, секуляризм далеле алайҳи масеҳият ба шумор намерафт, балки мавқеъи мустақил дошт. Секуляризм танҳо бар он таъкид мекунад, ки роҳи дуруст дар ҷустуҷӯи ҳақиқат, роҳи секулярӣ аст. Донишҳои секулярӣ ба таври равшан дар ҳамин зиндагӣ пайдо мешаванд ва метавонанд дар ҳамин зиндагӣ санҷида шаванд.
Фалсафаи секуляризм
[вироиш | вироиши манбаъ]Секуляризм дар фалсафаи сиёсӣ ва фалсафаи дин мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Ҳамчун як фалсафа, секуляризм бо табиатгароӣ ва материализм робитаи зич дорад ва ба нафъи як ҷаҳони моддӣ баррасии мавҷудоти ғайримодӣ ё маварои табиӣ — монанди рӯҳро рад мекунад. Ин материализм ва хирадгароии секулярӣ пояи бештари илмҳои таҷрибавии муосирро ташкил медиҳанд.
Дар давраи Асри равшангарӣ, файласуфони либерали аврупоӣ, монанди Барух Спиноза, Ҷон Локк, Монтескё, Волтер, Дэвид Ҳюм, Адам Смит ва Жан-Жак Руссо шаклҳои гуногуни ҷудоии калисо аз давлатро пешниҳод карданд. Ҳамчунин кори файласуфони ахлоқи маъруф, монанди Дерек Парфит ва Питер Сингер, ва ҳатто тамоми соҳаи муосири ахлоқи зистшиносӣ ба таври ошкоро секулярӣ ё ғайридинӣ тавсиф мешавад.
Яке аз масъалаҳои муҳими фалсафаи секулярӣ табиати ахлоқ дар ҷаҳони моддӣ мебошад. Ахлоқи секулярӣ низомҳои дуруст ва нодурустро тавсиф мекунад, ки ба мафҳумҳои динӣ ё маварои табиӣ вобаста нестанд. Бисёре аз фалсафаи Фридрих Нитше дар посух ба ин масъала таҳия шудааст. Дар ахлоқи секулярӣ, «хуб» одатан ҳамчун чизе таъриф мешавад, ки ба «шукуфоӣ ва адолати инсонӣ» мусоидат мекунад, на як тасаввури интизоҳӣ ё идеалӣ аз хайр. Ахлоқи секулярӣ аксар вақт дар чаҳорчӯби уманизм баррасӣ мешавад.
Таъриф
[вироиш | вироиши манбаъ]Азбаски истилоҳи «секуляризм» дар мавридҳои гуногун истифода мешавад, маънои дақиқи он вобаста ба навъи корбурд фарқ мекунад. Дидгоҳи секуляризм бар ин поя бунёд ёфтааст, ки зиндагӣ бо дар назар гирифтани арзишҳои инсонӣ матлуб аст ва ҷаҳонро метавон бо истифода аз далелу мантиқ — бидуни муроҷиат ба мафҳумҳое чун Худо, худоён ё ҳар гуна нерӯҳои дигаре аз маварои табиӣ — беҳтар тавзеҳ дод. Ба ибораи дигар, ҳар кас дини худро танҳо дар доираи зиндагии хусусии худ нигоҳ медорад ва ҳақ надорад онро дар ҷомеа таблиғ кунад.
Давлати секуляр
[вироиш | вироиши манбаъ]Имрӯз аксар давлатҳои муҳими ҷаҳон аҳамияти секуляризм ва демократияро қабул кардаанд. Яке аз натиҷаҳои амалии секуляризатсия ҷудоии калисо ва давлат аст — дар асл, ин натиҷа он қадар бо секуляризатсия алоқаманд аст, ки аксар вақт ин ду чиз як падида ҳисобида мешаванд ва ба ҷои «секуляризатсия» бештар аз «ҷудоии клиса ва давлат» сухан меравад; аммо бояд дар назар дошт, ки секуляризатсия равандест чандҷанба, ки дар матни ҷомеа сурат мегирад, дар ҳоле ки ҷудоии ниҳодҳои дин ва давлат ҷиҳати сиёсӣ ба ин раванд дахл дорад. Ҷудо шудани ниҳодҳои дин ва давлат дар секуляризатсия маънои онро дорад, ки ниҳодҳои махсуси сиёсӣ (ки ба дараҷаву зинаҳои гуногун таҳти назорати давлат ҳастанд) аз нуфузи мустақим ё ғайримустақими дин озод мешаванд. Ин маъно надорад, ки пас аз секуляризатсия ниҳодҳои динӣ дигар наметавонанд дар масъалаҳои умумӣ ва сиёсӣ назар диҳанд, балки маънои он аст, ки дидгоҳҳои ин ниҳодҳо набояд ба ҷомеа таҳмил шаванд ё асоси сиёсати умумӣ гарданд. Дар амал, давлат бояд то ҳадди имкон нисбат ба ақидаҳои гуногуни динӣ бетараф бошад; на монеъ шаванд ва на хоҳиши онҳо иҷро кунад.[3]
Сабаби пайдоиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Боварӣ доранд, ки «шарҳи илмии падидаҳое, ки замоне ба нерӯҳои ғайритабиӣ нисбат дода мешуданд» ва «аз байн бурдани таъсири дини муташаккил» аз чунин соҳаҳои фаъолияти инсон, аз қабили тиб, маориф ва санъат, ба дунявият такон бахшид. Илова бар ин, ақидае мавҷуд аст, ки такони ниҳоии рушди босуръати дунявият худи калисоҳои эътирофшудаи масеҳияти мебошанд. Якчанд диншиносони Амрикои Лотинӣ бо омезиши католисизм ва марксизми инқилобӣ теологияи озодихоҳиро инкишоф доданд.
Фаронса
[вироиш | вироиши манбаъ]Дунявият дар Фаронса аз асри XVIII дар солҳои мубориза бо бартарияти калисои католикӣ сар мезанад . Принсипи дунявият дар Конститутсияи Фаронса сабт шудааст. Аз охири асри XVIII таълими дин дар синфҳои ибтидоӣ манъ карда шудааст . Санади соли 1881 ҳуқуқи куфрро муқаррар кард . Дар аввали асри XXI дар муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла мактабҳо, пӯшидани рамзҳои динӣ, аз қабили салибҳои азими масеҳӣ, кипҳахои яҳудӣ ва рӯймолҳои мусалӣнон манъ аст .
Дар робита бо куштори Самуэл Патӣ аз ҷонибӣ террорист, вазири маорифи Фаронса Жан-Мишел Бланке дунявиятро синоними озодӣ ва асоси арзишҳои асосии Ҷумҳурии Фаронса, аз қабили озодӣ, баробарӣ ва бародарӣ номид.
Британияи Кабир
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи маълумоти оморӣ, дар Бритониёи Кабир «дар асри 19 тақрибан ҳамаи ҷуфти издивоҷӣ ба никоҳи калисоҳо асос ёфтаанд», аммо дар соли 1971 танҳо 60 % ҷавонон дар калисо ва дар соли 2000 — танҳо 31 % дар калисоҳо издивоҷ карданд.
Дар забони фаронсавӣ ва баъзе дигар забонҳои романӣ ва итолиёвӣ: laticita ё laicismo баробар ба секуляризм ва ба маънои набудани дахолати дин дар умури давлатӣ ва сиёсӣ ё баръакс истифода мешавад. Гарчанде, ба назар мерасад, ки ҳеҷ калимае дар забони англисӣ наметавонад маънои аслии калимаи laïcité-ро, ки аз калимаи юнонӣ λαϊκός гирифта шудааст ва маънояш секуляр аст, расонад, аммо ин калима бо калимаҳои англисӣ laity ё laymen ба маънои умумӣ алоқаманд аст ва laicity шакли англисӣ ва нусхаи ин истилоҳи фаронсавӣ аст.[4]
Миёни лаиситè ва секуляризм фарқ вуҷуд дорад; лаиситè назарияи сиёсист, ки тибқи он дин аз давлат ҷудо аст ва ин назария бо мақсади афзоиши озодиҳои муқобил бо дин пешниҳод шудааст, дар ҳоле ки секуляризм бо мақсади поксозии дин аз зиндагии ҷорӣи мардум муаррифӣ шудааст, бо ин вуҷуд баъзан истилоҳоти секуляризм ва секуларитет ба маънои лаиситè истифода мешаванд. Фарде, ки ба мактаби лаиситè эътиқод дорад, Лаик номида мешавад.[5]
Дӯстон ва тарафдорони мактаби лаитсизм бар ин боваранд, ки ин истилоҳ маънояш озод шудан аз дин аст ва бинобар ин фаъолиятҳои динӣ бояд дар доираи қонун мисли дигар фаъолиятҳо сурат гиранд ва амри фурақонунӣ набошанд. Давлат нисбат ба ақидаҳои динии мардум ҳеҷ мавқеи муайян надорад ва шахсони динӣ ба монанди дигар аъзои ҷомеа эътироф мешаванд. Танқидгарон, бахусус танқидгарони нусхаи туркӣ ва манъи ҳиҷоб дар Фаронса, иддао мекунанд, ки ин идеология зидди дин аст ва дар амал аз озодиҳои динӣ мекоҳад.[6]
Ҷусторҳои вобаста
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Noah Feldman. Divided by God America's Church-state Problem-- and what We Should Do about it. — 2005.
- ↑ نجفی، موسی (۱۳۹۰). تمدن برتر: نظریه تمدنی بیداری اسلامی و طرح عالم دینی. انتشارات آرما. ص. ۱۸۱..
- ↑ Секуляризм ва секуляризатсия. 22 октябр 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 апрел 2009.
- ↑ Таҳқиқ дар бораи секуляризм. 10 Январ 2026 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 Декабри 2018.
- ↑ Лаиситè ё секуляризм?
- ↑ Секуляризм ба таври умумӣ. 4 январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 январ 2018.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Hermann Lübbe. Säkularisierung. Geschichte eines ideenpolitischen Begriffs / Karl Alber. — Freiburg im Breisgau / München, 1965. — ISBN 3-495-47119-7.
- Буайе, Паскаль. Объясняя религию: Природа религиозного мышления = Pascal Boyer: "Et l'Homme Crea Les Dieux:Сomment expliquer la religion". — М.: Альпина нон-фикшн, 2016. — 496 с. — ISBN 978-5-91671-632-0.