Сенати Ӯзбекистон
Намуди зоҳирӣ
Сенати Ӯзбекистон | |
| Симмати мудирияти созмон | Chair of the Senate of Uzbekistan[d] |
|---|---|
| Қонунӣ барои | Ӯзбекистон |
| Миқдори курсиҳо | 100 |
| Вебгоҳи расмӣ | senat.uz(ӯзб.)(рус.) |
Сенат (Uzbek: Senat) — палатаи болии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Ваколатҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ваколатҳо дар моддаи 80 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд. Ваколатҳои истисноии Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
- Интихоботи раиси Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва муовинони онҳо;
- Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро интихоб намудан;
- Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро интихоб намудан;
- Бо пешниходи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин намудани Раиси Шӯрои Олии судяҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Тасдиқнамудани фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъин ба вазифаи Прокурори Генералӣ ва Раиси палатаи Ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва озод кардани онҳо аз вазифа;
- Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси хадамоти ҳифзи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Таъини намояндагони дипломатӣ ва дигар намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ ва озод кардани онҳо аз вазифа бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани раиси Идораи бонки Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Қабули ҳуҷҷатҳои авф бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Ҳалли масъалаҳои маҳрум сохтан аз дахлнопазирии аъзои Сенати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо пешниҳоди прокурори Генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Шунидани ҳисоботи прокурори Генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Раесати бонки Марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти он ва қоидаҳои дохилии палата;
- Аз рӯи ин ё он масъалаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодй, инчунин аз рӯи масъалахҳои сиёсати дохилӣ ва берунии давлат қабул кардани қарорҳо.
Таркиби Сенат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сенат аз 100 нафар иборат аст:
- 84 сенатори интихобшуда
- 16 сенаторро президент таъин мекунад.
Интихобот
[вироиш | вироиши манбаъ]Сенаторҳо ба таври ғайримустақим аз ҷониби коллегияи интихоботӣ, ки аз аъзои шӯроҳои маҳаллӣ иборат аст, бо 14 вилояти кишвар аз 12 вилоят ва пойтахт Тошканд ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҳар кадом сенаторҳоро барои пур кардани 6 курсӣ интихоб мекунанд. Сенаторҳо мӯҳлати панҷ сол фаъолият мекунанд. [1]
Раисони Сенати Ӯзбекистон
[вироиш | вироиши манбаъ]| Ном | Давра | Қайдҳо |
|---|---|---|
| Мурат Шарифхожаев | 27 январи 2005 – 24 феврали 2006 | [2] |
| Илгизар Собиров | 24 феврали 2006 – 22 январи 2015 | [2] |
| Неъматулло Юлдошев | 22 январи 2015 – 21 июни 2019 | [1] |
| Танзила Норбоева | 21 июни 2019 – ҳоло |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]- senat.uz(ӯзб.)(рус.) — вебгоҳи расмии Сенати Ӯзбекистон
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]| Ин мақола тарҷумаи матни мақолаи Senate of Uzbekistan-ро дорад, ки ҷузъи Википедиаи англисӣ аст.. Рӯйхати муаллифон дар саҳифаи таърихи мақолаи асосӣ мебошад. |