Сергей Бебка
Сергей Бебка | |
|---|---|
| укр. Сергі́й Наза́рович Бу́бка | |
| | |
| Иттилоъоти инфиродӣ | |
| Ҷинс | мард |
| Ном ба ҳангоми таваллуд |
укр. Сергі́й Наза́рович Бу́бка русӣ: Сергей Назарович Бубка |
| Кишвар | |
| Тахассус | варзиши сабук |
| Зодрӯз | 4 декабри 1963[1][2] (62 сол) |
| Зодгоҳ |
|
| Корномаи варзишӣ | 1981 — 2001 |
| Мураббӣ | |
| Қад | 183 сантиметр[4] |
| Вазн | 80 кг[4] |
| Вебгоҳи расмӣ(англ.) | |
Бебка Сергей Назарович (укр. Сергі́й Наза́рович Бу́бкаСергі́й Наза́рович Бу́бка; зод. 4 декабри 1963[1][2], Луганск[d][3]) — варзишгари украинӣ (варзиши сабук).
Корномаи варзишӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1983), чемпиони ИҶШС (1984, 1985), Аврупо (1986), чемпиони шашкаратаи ҷаҳон (1983, 1987, 1991, 1993, 1995, 1997), чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1988) дар ҷаҳиш бо хода. 35 бор рекорди нави ҷаҳонӣ гузоштааст. Дар таърихи варзиш нахустин касест, ки аз баландии 6 м (1991) ҷаҳидааст. Бебка ягона варзишгарест, ки дар панҷ мусобиқаи қаҳрамонии варзиши сабуки ҷаҳон пирӯзӣ ба даст оварда, дар 37-солагӣ дар Бозиҳои олимпӣ (Сидней, 2000) рақобат кардааст. Собиқ президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Х. А. Самаранч Бебкаро бузургтарин варзишгари замон номидааст. Аз соли 2005 президенти Кумитаи миллии олимпии Украина мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бебка Сергей Назарович // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.