Сергей Бондарчук
русӣ: Сергей Бондарчук | |
| |
Таърихи таваллуд: | 25 сентябр 1920[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 20 октябр 1994[1][2][3][…] (74 сол) |
Маҳалли марг: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, коргардони филм, филмноманавис, ҳунарпешаи синамо, омӯзгори театр, коргардон, мураббии донишгоҳ, ходими ҷамъиятӣ |
Корнома: | 1948 — 1994 |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0094083 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бондарчук Сергей Фёдорович (25 сентябр 1920[1][2][3][…], Bilozerka[d], губернияи Херсон[d] — 20 октябр 1994[1][2][3][…], Маскав[4]) — коргардони филм, ҳунарпеша ва филмноманависи шӯравӣ, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС (1952), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1980).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи театрии шаҳри Ростов (1941) ва факултаи актёрии Институти давлатии умумииттифоқии маданияти шаҳри Маскав (1948). Ширкатдори ҶБВ (1941-45).
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Нақши аввалинро дар кинофилми «Гвардияи ҷавон» (Волко) бозидааст. Сергей Бондарчук нақшҳояшро моҳирона бозида, образҳои барҷаста офаридааст. Беҳтарин нақшҳояш: Тарас Шевченко («Тарас Шевченко», 1951), Тихон Прокофев («Адмирал Ушаков» ва «Киштиҳо ба қалъа ҳуҷум мекунанд», ҳар ду — 1953), Иван Франко («Иван Франко», 1956), партизани сурх Фёдор дар филми итолиёии «Дар Рум шаб буд», 1960), Мартин («Муҳориба дар Неретва», 1969) ва ғ. Дар филми бадеии «Ҳодиса дар фурудгоҳ» («Тоҷикфилм», 1988) нақши генерал Токаренкоро бозидааст. Чун коргардон асари М. Шолохов «Қисмати инсон»-ро гузошта, худ нақши Андрей Соколовро бозидааст. Барои офаридани филми «Қисмати инсон» ба Сергей Бондарчук Мукофоти ленинӣ (1960) дода шуд. Яке аз корҳои барҷастаи Сергей Бондарчук чун коргардон филми 4-қисмаи «Ҷанг ва сулҳ» аз рӯйи романи Л. Н. Толстой мебошад (1967). Дар ин филм Сергей Бондарчук нақши Пйер Безуховро бозидааст. Ба қисмҳои 1-ум ва 2-юми ин филм Мукофоти Калони Кинофестивали чоруми умумиҷаҳонӣ дар Маскав, ба қисмҳои 1-4 мукофоти Академияи санъати кино ва илми Амрико — «Оскар» (1969) дода шудаанд.
Сергей Бондарчук муаллифи сенария ва коргардони филмҳои бадеии «Ҷанг ва сулҳ», «Ветерлоо», «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд», «Дашт», «Зангӯлаҳои сурх» (филмҳои 1 ва 2), «Борис Годунов» ва коргардони филми «Дони Ором» (нотамом) мебошад. Аз соли 1974 дар Институти давлатии театру кинои Маскав аз маҳорати актёрӣ дарс додааст. Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев, Соро Сабзалиева, Юнус Юсуфов шогирдони Сергей Бондарчук мебошанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барандаи Мукофоти давлатии РСФСР ба номи бародарон Василевҳо (1977; барои филми «Онҳо барои Ватан ҷангидаанд»), Мукофоти давлатии ҶШС Украина ба номи Т. Г. Шевченко (1982), Мукофоти давлатии ИҶШС (1984; барои филми «Зангӯлаҳои сурх»). Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат қадр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 filmportal.de — 2005.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118661361 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бондарчук Сергей Фёдорович // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 25 сентябр
- Зодагони соли 1920
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Даргузаштагони 20 октябр
- Даргузаштагони соли 1994
- Даргузаштагони Маскав
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Ҳунарпешаҳои шоистаи ҶШФСР
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони ҷоизаи Оскар