Jump to content

Сергей Вишнеполский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вишнеполский Сергей Израилович
русӣ: Сергей Израилевич Вишнепольский
Таърихи таваллуд 14 ноябр 1927(1927-11-14) (97 сол)
Зодгоҳ: Киев, Украина

Вишнеполский Сергей Израилович (14 ноябри 1927, Киев, ҶШС Украина) — рассом-графики тоҷикистонӣ. Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1977).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии Сталинобод (1956). Аз соли 1957 то муҳоҷират ба хориҷа рассом-ороишгари нашриёти «Ирфон» буд. Дар ороиши китоб истеъдоду маҳорати хуб дошт. Мураккабии муносибатҳои инсонӣ лаҳзаҳои гуногуни зиндагӣ дар композитсияҳои маҷмӯаи осори мунтахаби Э. Ҳемингуэй (1966), расмҳои озод ва шоирона эҷодшудаи китоби «Дар он дунё»-и Ф. Муҳаммадиев (1966), саҳначаҳои ҳаҷвии «Ҳикоёти латиф»-и Зайнуддини Восифӣ (1967) ва «Латоифу-т-тавоиф»-и Алии Сафӣ (1968) хеле ҷолибу назаррабоянд. Расмҳои барои китоби «Ҳикояҳо»-и Я. Гашек офаридаи ӯ бо нишони биринҷии Намоишгоҳи китоби НКХХ-и ИҶШС (1962) қадр шуд. Сергей Вишнеполский аксари асарҳои худро бо тарзу услуби линогравюра, ки он дар эҷодиёташ мақоми махсус дорад, офаридааст. Композитсияҳои ҷолиби Сергей Вишнеполский ба повести «Рикша»-и Лао Ше (1966), романи «Нисо»-и П. Лукниский (1966) «Ҳофизнома»-и А. Афсаҳзод (1971) бо ҳамин тарзу услуб иҷро шудаанд. Мавзӯи асосии эҷодиёти Сергей Вишнеполский инсон ва пойдории сулҳ аст. Ваҳдати маънавии одамон ва инсону табиат дар гравюраҳо (ҳаккокӣ)-и «Пиёлаи чой» (1964) линогравюраҳои «Рақс», «Боғбон» (ҳар ду 1964) ба таври возеҳ ба мушоҳида мерасад. Дар силсилаи линогравюраҳои «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ (1967) омезиши графикаи китобиву дастгоҳӣ ба назар мерасад. Ҳар новелла мусаввараи алоҳида дорад, ки сужети умумии онҳо мазмунан бо ҳам пайванданд. Г. солҳои 70 ба мавзӯи лирика рағбат пайдо кард. Маҷмӯаи шеърҳои «Арзи қалам»-и А. Шукӯҳӣ, «Рӯи сурх»-ш. Ғ. Мирзо (ҳар ду 1970)-ро оро дода, тимсоли Умари Хайём ва Ҳофизи Шерозиро офарид (ҳар ду 1970). Расмҳои ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1973) бахшида аз офаридаҳои ин давранд. Сергей Вишнеполский дар кашидани плакатҳо дар мавзӯъҳои мухталиф низ маҳорати баланд дошт. Плакати «Аз шарора аланга бармехезад» (1969, бо ҳамдастии П. Гейвандов) сазовори мукофоти озмуни умумииттифоқии «Барои плакати беҳтарин» гардид. Мавзӯи плакати «Дақиқтарин соати рӯйи замин» мубориза барои сулҳ дар рӯйи замин аст. Мавзӯи мусаввараи сегонаи «Мардонагӣ» (1969) муборизаи беамон бар зидди фашизм дар ҶБВ мебошад. Сергей Вишнеполский муҳаррири «Агитплакат»-и назди ИР Тоҷикистон (аз 1974), Раиси шуъбаи графика (1963-82) ва узви комиссияи кор бо рассомони ҷавон (1974-82) буд. Дар давраи фаъолияти эҷодиаш Сергей Вишнеполский шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.

Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин» (1970) сарфароз гардидааст.