Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Сергей Горшков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Сергей Горшков
русӣ: Серге́й Гео́ргиевич Горшко́в
Таърихи таваллуд 13 (26) феврали 1910
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 майи 1988(1988-05-13)[1][2] (78 сол)
Маҳалли даргузашт
Навъи фаъолият сиёсатмадор, naval officer, нависанда, Дарёсолор
Намуди қушун Нерӯи дарёии Шӯравӣ[d]
Рутба Адмирали Новгони Иттиҳоди Шӯравӣ[d], нохудои рутбаи 2, нохудои рутбаи 1, контр-адмирал[d], vice admiral[d], адмирал[d] ва admiral of the fleet[d]
Фармондеҳ Нерӯи дарёии Шӯравӣ[d]
Ҷангҳо
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Серге́й Гео́ргиевич Горшко́в (13 [26] феврали 1910, Каменетс-Подолский[d]13 майи 1988[1][2], Маскав) — ходими ҳарбии шӯравӣ, адмирали флоти Иттиҳоди Шӯравӣ (1967), ду карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1965, 1982).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҳарбӣ-баҳрии ба номи М. В Фрунзе (1931), Курси фармондеҳони киштиҳои минакаш (1937), Курси такмили фармондеҳони олии назди Академияи ҳарбии баҳрӣ (1941). Аз соли 1927 дар флот. Аз соли 1940 фармондеҳи бригадаи киштиҳои ҷангии флоти баҳри Сиёҳ. Дар давраи ҶБВ (1941-45) дар мудофиаи Одесса иштирок кард, аз октябри 1941 фармондеҳи Флотилияи ҳарбии Азов, аз апрели 1944 фармондеҳи Флотилияи Дунай гардид; дар озод намудани Украина, Руминия, Булғория ва Маҷористон ширкат намудааст. Аз январи 1945 фармондеҳи Эскадраи флоти баҳри Сиёҳ. Солҳои 1948-51 сардори ситод, 1951-55 фармондеҳи флоти баҳри Сиёҳ, августи 1955-январи 1956 муовини аввали сарфармондеҳи Флоти ҳарбӣ-баҳрӣ, 1956-85 сарфармондеҳи он ва муовини вазири мудофиаи ИҶШС буд. Г. дар таъсис ва инкишофи флоти уқёнусӣ (аз ҷумла атомӣ) саҳми арзанда гузоштааст. Дорандаи мукофоти ленинӣ ва Мукофоти давлатии ИҶШС (1980). Депутати Совети Олии ИҶШС (даъватҳои 4-9).

Бо 7 ордени Ленин, 4 ордени Байрақи Сурх, орденҳои Кутузов (дараҷаи 1), Ушаков (дараҷаҳои 1 ва 2), Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 1), Револютсияи Октябр, «Ситораи Сурх», «Барои хидмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС» (дараҷаи 3), орденҳои хориҷӣ, яроқи фахрӣ ва медалҳо сарфароз гардидааст.