Силикатоз
Силикатоз (аз лот. silex — сангчақмоқ), бемории одам аз гурӯҳи пневмокониозҳо, ки дар натиҷаи нафас кашидани тӯлонии чанги дорои пайвастҳои кислотаи кремний бо оксидҳои металлҳо ба вуҷуд меояд; ба бемориҳои касбӣ дохил мешавад. Ба чангҳои силикатӣ инҳо дохил мешаванд: асбест, талк, каолин, оливин, нефелин, баъзе маводҳои изолятсионӣ (нахи шиша, пахтаи минералӣ), абрақ ва ғайра. Ҳангоми силикатоз нисбат ба силикоз раванди фиброзӣ дар шуш нисбатан суст инкишоф меёбад ва гирифторӣ ба сил (туберкулёз) камтар мушоҳида мешавад.
Патогенез
[вироиш | вироиши манбаъ]Чанги силикатӣ ба алвеолаҳои шуш ворид мешавад, ки дар он ҷо фагоситҳо онро фурӯ мебаранд. Он мембранаҳои митохондрияҳоро зарар дода, раванди оксидшавиро аз аэробӣ ба анаэробӣ мегузаронад. Кислотаи ширӣ ҷамъ мешавад, ки ферменти кетоглуторатро фаъол мекунад ва раванди пайдоиши коллагенро оғоз мебахшад. Ин боиси иваз шудани бофтаи муқаррарии алвеолавӣ ба бофтаи шрамӣ (рубтсовая ткань) мегардад, ки сатҳи нафаскашии шушро кам мекунад, яъне ба фиброз мебарад.
Таснифоти силикатозҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Вобаста ба таркиби чанги силикатӣ намудҳои зерини силикатозҳо вомехӯранд:
- Асбестоз – дар натиҷаи нафас кашидани чанги дорои асбест ба вуҷуд меояд. Одатан ба коргарони истихроҷ ва коркарди асбест таъсир мерасонад.
- Талкоз – дар натиҷаи нафас кашидани чанги талк инкишоф меёбад. Дар коргарони соҳаҳои саноати сафолӣ, резинӣ, ранг ва атторӣ вомехӯрад.
- Каолиноз – ҳангоми нафас кашидани чанги гил, ки дорои каолинит аст, пайдо мешавад. Дар кӯзагарон ва коргарони саноати чиниворӣ мушоҳида мешавад.
- Нефелиноз – аз таъсири чанги нефелин ба вуҷуд меояд. Коргарони саноати шиша, сафол, чарм ва алюминий ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.
- Оливиноз – ба нафас кашидани чанги оливин вобаста аст. Асосан дар коргарони саноати сафолӣ ва корхонаҳои рехтагарӣ вомехӯрад.
- Силикатози сементии Кукушкин – ҳангоми таъсири чанги семент ба роҳҳои нафас ва шуш пайдо мешавад. Ба бинокорон ва коргарони истеҳсоли семент таъсир мерасонад.[сарчашма оварда нашудааст 1178 рӯз]
- Пневмокониози абрақӣ – дар натиҷаи нафас кашидани чанги абрақ (слюда) ба вуҷуд меояд; кам вомехӯрад.[сарчашма оварда нашудааст 1178 рӯз]
Аломатҳои силикатозҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар байни силикатозҳо асбестоз бо ҷараёни вазнин ва пешравии зуд фарқ мекунад. Аломатҳои аввалини он сулфа ва дард дар қафаси сина мебошанд. Дар пӯсти дастҳо ва пойҳо пайдо шудани гармчаҳои (бородавки) асбестӣ хос аст. Талкоз бошад, хеле суст инкишоф меёбад. Аломати асосии он нафастангӣ ҳангоми ҳаракати ҷисмонӣ ва сулфаи хушк мебошад. Силикатозе, ки аз нафас кашидани пудраи атторӣ (косметическая пудра) ба вуҷуд меояд, ҷараёни вазнинтар дорад.
Ташхис ва табобати силикатозҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои ташхис собиқаи кории бемор дар шароити чанголуд ва тасвири рентгенологӣ ба назар гирифта мешавад. Ҳангоми рентген фибрози тӯрмонанд ва ғафсшавии плевра мушоҳида мегардад.
Табобати силикатозҳо бо усулҳои консервативӣ гузаронида мешавад. Ғизои дорои сафеда ва витаминҳо тавсия мегардад. Барои кам кардани нафастангӣ аз воситаҳои бронхолитикӣ, гимнастикаи нафаскашӣ ва масҳ истифода мебаранд. Дар ҳолатҳои вазнин табобати оксигенӣ (оксигенотерапия) ва тартиботи физиотерапевтӣ таъйин карда мешаванд.
Пешгӯӣ ва пешгирии силикатозҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аксари ҳолатҳо беморӣ тадриҷан пеш меравад. Дар шаклҳои вазнин қобилияти корӣ комилан аз даст меравад ва марг аз норасоии дилу шуш ё бемориҳои онкологӣ имконпазир аст.[сарчашма оварда нашудааст 1178 рӯз]
Барои пешгирӣ автоматикунонии равандҳои истеҳсолӣ ва истифодаи вентилятсияи самаранок зарур аст. Чораҳои инфиродии муҳофизат пӯшидани либоси махсус, респираторҳо ва айнакҳои муҳофизатиро талаб мекунанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Силикатозы // Большая медицинская энциклопедия (БМЭ), под редакцией Петровского Б.В., 3-е издание.
- Силикатоз // Большая российская энциклопедия.