Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Силсиламаротиби чирагӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Силсиламаротиби чирагӣ (англ. Dominance hierarchy), иерархия дар ҳайвонот — низоми муносибатҳои байниҳамдигарии фардҳо дар ҷамоа, ки ба қонуниятҳои ҳукмфармоӣ (бартарӣ — тобеият) асос ёфтааст.

Фардҳои ҳукмрон (доминант), ки дар силсиламаротиб мақоми болоро ишғол мекунанд, маъмулан, дар интихоби ғизо, маҳалли сукунат ва ҷинси муқобил бартариҳо доранд. Дар баробари ин, доминантҳо бисёр вақт бехатарии гурӯҳҳо (ҳифз аз дарандаҳо)-ро таъмин ва муносибат бо гурӯҳҳои ҳамсояро (ҳифзи маҳалли сукунат) танзим мекунанд. Дар мӯрчаҳо, занбӯрҳо, термитҳо ва ҳашароти дигар, ки оилаҳои онҳо сершуморанд, доманаи силсиламаротиб фарохтар аст. силсиламаротиб хосса дар байни ҷонвароне, ки тарзи ҳаёти ҷамъиятӣ доранд (мас., ҳашарот, муҳрадорон), бештар дучор меояд. Василаи нисбатан маъруфи ташаккул ва фаъолияти силсиламаротиб рафтори таҷовузкоронаи доминантҳо мебошад, вале нақши фардҳои тобеъ низ дар сохтори муносибатҳои иерархиявии гурӯҳ назаррас аст. силсиламаротиб ноустувор, тағйирёбанда, собит, устувори муваққат ва ғ. мешавад. Мас., сохтори галаи гургҳо ба ҳукмронии шадиди «сарварон» бар «тобеон» асос ёфтааст. Дар бисёр галаи гургҳо наринаҳо ва модинаҳо «пешво»-и худро доранд. Дар ҳолатҳои дигар наринаҳо бар модинаҳо ва фардҳои болиғ ба навзодон «ҳукмронӣ» мекунанд. Масъалаи силсиламаротиб ва «ҳукмронӣ» дар миёни мӯрчагон, занбӯрҳо ва ҷонварони муҳрадор мураккабтар аст. Мас., дар ширхӯрҳо ва парандаҳо мавқеи фард на танҳо аз рӯйи неруи ҷисмонӣ ва ҷасорат, инчунин аз рӯйи «эътибор»-и онҳо дар миёни дигар аъзои ҷамоа низ муқаррар карда мешавад. Дар заминаи ин коалитсияҳо — иттифоқи фардҳо (маъмулан, ҷинсҳои ҳамгун)-и дастгири ҳамдигар ташаккул меёбад. Коалитсияҳо барои ворид шудан (бештар бо зӯрӣ) ба таркиби гурӯҳҳои ҳамсоя ва фурӯ нишондани фаъолияти сарварони ҳукмрони онҳо мусоидат мекунанд. Мас., барои шерҳо коалитсияи ду бародар хос аст. Онҳо метавонанд дар якҷоягӣ наринаи ҳукмрони галаи бегонаро барканор (ё маҳв) намуда, ҷояшро ишғол кунанд. Дар оянда баъзан байни бародарон барои сарварии гала задухӯрди шадид ба вуҷуд меояд ё онҳо оромона аз пайи зиндагӣ мешаванд. Баъзан силсиламаротиб хусусияти мавсимӣ касб мекунад, мас., дар селаи парандагони зимистона, ки бо фаро расидани мавсими афзоиш барҳам мехӯрад.