Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Синдикат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Синдикатҳо — яке аз шаклхои монополияи капиталистӣ — иттиҳодияи шартномавии соҳибкорони соҳаи алоҳида, ки бо мақсади ба даст овардани бозор тавассути фурӯши муштараки молҳо бо нархҳои умумӣ таъсис дода шудааст. Одатан дар шакли чамъиятхои саҳомии фирмахои иштироккунанда, ки дорои сармояи умумии оинномавӣ ва мақомоти намояндагии ягона (раёсат) ташкил карда мешаванд, фармоишҳои муштараки истеъмолкунандагонро қабул намуда, онҳоро аз руи квотаҳои байни аъзоёни синдикат тақсим мекунанд.