Сироҷиддин Алимов
Сироҷиддин Шералиевич Алимов | |
Зодгоҳ | Душанбе , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Сироҷиддин Шералиевич Алимов (тав. 09. 11. 1968, ноҳияи Рӯдакӣ), кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои педагогӣ (2009).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1987–1993 дар факултети биология-химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1988–1989 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат намудааст. Солҳои 1993–1995 муаллими фанни химия ва биологияи мактаби миёнаи № 25 ноҳияи Рӯдакӣ буд. Аз соли 1995 то ба имрӯз ҳамчун ассистент, муаллими калон ва иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи методикаи таълими химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ кор мекунад. Ҳамзамон аз соли 2006 вазифаи муовини декани факултети химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко оид ба корҳои таълимро ба уҳда дорад. Муаллифи 1 китоби дарсӣ, 16 мақолаи илмӣ, 1 маводи методӣ ва 10 барномаи таълимӣ мебошад. Оид ба ташаккули салоҳиятнокии маърифатию иҷтимоии омӯзгорони мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори илмӣ бурдааст. Дар конференсияҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Научно-педагогические исследования педагогической культуры в национальной школе, Д., 2007; Химияи биологӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010; Асосҳои педагогии ба курси химиявии мактабӣ ворид сохтани мафҳуму маълумоти илмӣ оид ба ферментҳо ва витаминҳо // Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, Д., 2001; Маърифати педагогӣ ва шартҳои муайян кардани дониш // Маводҳои конференсияи илмию назариявии «Истифодаи шаклҳои нав ва методҳои таълим дар шароити кунунӣ», Д., 2008; Проблема развития педагогической культуры // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, №3, Д., 2009; Ташкили таҷрибаи педагогӣ дар шароити таълими тафриқа // Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии «Проблемаҳои таълими тафриқа», Д., 2009; Проблемы формирования социокультурной компетенции учителей // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, №2, Д., 2009; Дифференцированный подход в обучение // Ахбороти шуъбаи Тоҷикистонии Академиияи байналмилалии мактабҳои олӣ, №2, Д., 2009; Андешаҳо перомуни ташхиси лаёқат // Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, №1–2, Д., 2010.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Pages using the JsonConfig extension
- Pages which use a template in place of a magic word
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Душанбе
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ