Системаи кӯҳӣ
Системаи кӯҳӣ — кӯҳҳо (ё қисми зиёди онҳо), ки аз ҷиҳати ҳудудӣ муттаҳид шуда, сабаби ягонаи пайдоиш ва ягонагии морфологӣ доранд[1]. Системаи кӯҳӣ аз маҷмӯи қаторкӯҳҳо, массивҳои кӯҳӣ, баландкӯҳҳо, ҳавзаҳои байникӯҳӣ ва водиҳо иборат аст . Ташкилкунандагони алоҳидаи калони релефи системаи кӯҳӣ (кӯҳҳо, ҳавзаҳо) зуҳуроти механизми ягонаи кӯҳсозиро ифода намуда, бо ҳам алоқаманданд.
Мафҳуми «системаи кӯҳӣ» аксар вақт бо мафҳуми «кишвари кӯҳистонӣ» мувофиқат мекунад, аммо метавонад ҷузъи он бошад ё якчанд кишвари кӯҳистонро муттаҳид созад. Камарбанди кӯҳӣ аз якчанд системаҳои кӯҳӣ иборат аст, ки ба як рахи ягона кашида шудаанд. Дар дохили системаи кӯҳҳо, чун қоида, як намуди кӯҳҳо бартарият доранд - чиндор, харсангӣ, вулқонӣ ва ғайра. Одатан, системаи кӯҳӣ бо унсурҳои алоҳидаи тектоникии қишри замин алоқаманд аст: минтақаҳои чиндори наве, ки дар онҳо фишурда шуда, ба чинҳо печида мешаванд; минтақаҳои рифтӣ, ки дар он қишр дароз шудааст; платформаҳои фаъол, ки дар он ҷинсҳои қадимӣ ба блокҳо кӯфта, бардошта мешаванд ва ғайраҳо[1].
Тулонтарин системаи кӯҳии хушкӣ Анд дар Амрикои Ҷанубӣ - 9000 км, системаи кӯҳии баҳрӣ қаторкӯҳи Атлантикаи Шимолӣ - 8200 км мебошад[2].
Системаҳои асосии кӯҳии Замин
[вироиш | вироиши манбаъ]- Кӯҳҳои Олтой
- Олтойи Муғулӣ
- Алп
- Андҳо
- Аппалачӣ
- Кӯҳҳои Атлас
- Баландкӯҳҳои Арманистон
- Ҳимолой
- Ҳимолойҳои Бузург
- Ҳимолойҳои Шарқӣ
- Ҳиндукуш
- Ҳисору Олой
- Қафқози Бузург
- Қафқози Хурд
- Каракорум
- Карпатҳо
- Кордилйерҳо
- Кӯҳҳои Қрим
- Кунлун
- Помир
- Пиреней
- Саянҳо
- Кӯҳҳои Аждаҳо
- Тиён-Шон
- Урал[3][4]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Под редакцией проф. А. П. Горкина. горная система // География. Современная иллюстрированная энциклопедия. — М.: Росмэн. — 20069.
- ↑ Крупнейшие горные системы мира(пайванди дастнорас — таърих). 27 феврали 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 феврали 2020.
- ↑ Гвоздецкий Н. А., Голубчиков Ю. Н. Кӯҳҳо. — М.: Мысль, 1987. — 339 с.
- ↑ География. Современная иллюстрированная энциклопедия / Главный редактор А. П. Горкин. — М.: Росмэн-Пресс, 2006. — 624 с. — ISBN 5-353-02443-5. Архивированная копия(пайванди дастнорас — таърих).