Системаи шошаю таносул
Системаи шошаю таносул (Systema urogenitale) — мувофиқи инкишоф, ҷойгирӣ ва вазифа бо ҳам сахт алоқаманд мебошанд.
Узвҳои шоша
[вироиш | вироиши манбаъ]Узвҳои шоша (гурда) пешоб ҷудо мекунанд, узвҳои дигар (ҷомҳои хурд ва калони гурда, ҳавзаки гурда, пешоброҳа) онро дар пешобдон ғун карда, сипас бо наи пешоброн аз организм ихроҷ мекунанд.
Узвҳои таносул
[вироиш | вироиши манбаъ]Узвҳои таносули мардона ва занона вобаста ба ҷойгирӣ берунӣ ва дарунӣ мешаванд; вазифаи онҳо идомаи насл аст. Хоя бо зоидҳояш, маҷрои манирон, ғадуди простата ва ғадудҳои булбоуретравӣ (мансуб ба пиёзаки пешоброҳа) ба узвҳои дарунӣ, нара ва хоядон ба узвҳои берунии таносули мардон мансубанд. Узвҳои дарунии таносули занон аз тухмдон, найчаҳои бачадон, бачадон, маҳбал ва даромадгоҳи маҳбал, узвҳои берунии таносу аз лабҳои калону хурди фарҷ ва клитор иборат мебошанд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишномаи мухтассари тиб