Сифати феълӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Сифати феълӣ — шакли феълие, ки ҳам хусусияти феълӣ ва ҳам хусусияти сифатӣ дошта, амал ё ҳолати ашӫро ҳамчун аломат мефаҳмонад, сифати феълӣ ном дорад: рӯзҳои гузашта, меҳмонони омада, дарҳои кушода, либоси дарида. Сифати феълии забони тоҷикӣ дорои замони ҳозира ва замони гузашта мебошад. Шакли сифати феълии замони ҳозира аз асоси замони ҳозираи феълҳои гузаранда ва феълҳои монда бо ҳамроҳ кардани пасванди -анда сохта мешавад: а) аз феълҳои сода ва сохта: раванда, шунаванда, хонанда, бароянда ва монанди инҳо. б) аз феълҳои таркибӣ:нутӄкунанда, зинатдиҳанда, ҳалкунанда ва монанди инҳо.

Мисол[вироиш]

  • Онҳо дар доираи дидбонии худ на одамонро, ҳатто шапалакҳои шабпари дар ҳаво парвозкунандаро , моҳиҳои дар об гардандаро, кирмҳои дар мағзи хок ҳаракаткунандаро, хулоса ҳар ҷой ва ҳар чизи ҷунбандаро бо пухтагӣ ва ҳушёрӣ аз назар мегузарониданд (Садриддин Айнӣ).

Сифати феълии замони гузашта аз асоси замони гузаштаи феълҳо сохта мешавад. Ин сифати феълӣ ду шакл дорад. Шакли якуми сифати феълии замони гузашта бо ҳамроҳ кардани пасванди сохта мешавад:омада, навишта, баромада, тобеъ шуда, хонда баромада ва монанди инҳо. Шакли дуюми сифати феълии замони гузашта аз шакли якуми он бо ҳамроҳ кардани пасванди -гӣ сохта мешавад: омадагӣ, навиштагӣ, тобеъ шудагӣ, хонда баромадагӣ ва монанди инҳо.

Мисолҳо[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе: Дониш,1985.-с.244