Сиёсати иҷтимоӣ

Сиёсати иҷтимоӣ — сиёсат дар соҳаи рушди иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоӣ; маҷмӯи чорабиниҳое, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидор (одатан давлат) амалӣ карда мешаванд ва ба беҳтар кардани сифат ва сатҳи зиндагии гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ равона шудаанд[1]. Инчунин, сиёсати иҷтимоӣ ҳамчун соҳаи омӯзиши масъалаҳои таърихӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии марбут ба ин фаъолият шинохта мешавад.
Дар айни замон, ақидаи ягона дар мавриди мафҳуми «сиёсати иҷтимоӣ» вуҷуд надорад; аксар вақт ин истилоҳ ба маънои идоракунии иҷтимоии хидматрасониҳои иҷтимоии давлатӣ, ки дар сатҳи қонунгузорӣ мустаҳкам шудаанд, истифода мешавад.
Таъриф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар амалия, сиёсати иҷтимоӣ ҳамчун маҷмӯи тадбирҳои мушаххас барои таъмини ҳаёти аҳолӣ фаҳмида мешавад. Вобаста ба субъект, намудҳои зерини он мавҷуданд: давлатӣ, минтақавӣ, муниципалӣ, корпоративӣ ва ғайра. Аз нуқтаи назари илмӣ, ин на танҳо низоми тадбирҳо, балки низоми муносибатҳои байни гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад, ки дар маркази онҳо инсон, некуаҳволии ӯ ва рушди иҷтимоӣ меистад[2].
Соҳаҳои анъанавии сиёсати иҷтимоӣ ибораанд аз:
- Маориф;
- Тандурустӣ;
- Манзил;
- Суғуртаи иҷтимоӣ (аз ҷумла нафақа ва хидматҳои иҷтимоии фардӣ).
Субъектҳои пешбарандаи сиёсати иҷтимоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гарчанде ки одатан давлат субъекти асосӣ ба шумор меравад, дигар сохторҳо низ метавонанд сиёсати иҷтимоиро пеш баранд:
- Иттиҳодияҳои фаромиллӣ (сиёсати иҷтимоии болодавлатӣ);
- Мақомоти маҳаллӣ (сиёсати иҷтимоии минтақавӣ);
- Корхонаҳо ва ширкатҳои фаромиллӣ (сиёсати иҷтимоии корпоративӣ).
Сиёсати иҷтимоии давлатӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Давлат сиёсати худро одатан тавассути мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва минтақавӣ амалӣ намуда, онро аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мекунад. Ҳадафи он беҳтар кардани саломатии миллат, таъмини даромади кофӣ ва дастгирии иҷтимоӣ дар ҳолатҳои номусоиди зиндагӣ мебошад.
Шаклҳои амалисозӣ ва афзалиятҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз шаклҳои асосии амалисозии ин сиёсат расонидани хидматҳои иҷтимоӣ мебошад. Масалан, низоми ҳифзи иҷтимоии бекорон аз суғуртаи бекорӣ ва таъминоти иҷтимоӣ иборат аст.
Афзалиятҳои (приоритетҳои) асосӣ:
- Таъмини шароити муътадили зиндагӣ аз таваллуд то пиронсолӣ;
- Дастгирии оила ва модарон;
- Таъмини амнияти иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон;
- Беҳтар кардани вазъи демографӣ.
Принсипҳои сиёсати иҷтимоӣ:
- Адолати иҷтимоӣ;
- Масъулияти иҷтимоӣ;
- Шарикии иҷтимоӣ;
- Кафолатҳои иҷтимоӣ;
- Давомдорӣ (пайвастагӣ).
Методҳои муосир сиёсати иҷтимои
[вироиш | вироиши манбаъ]Методҳои муосири сиёсати иҷтимоиро ба чор гурӯҳ ҷудо мекунанд:
- Иқтисодӣ: нархҳо, тарифҳо, андозҳо, нафақа, стипендия ва музди меҳнат.
- Маъмурӣ: чораҳои иҷозатдиҳӣ ва манъкунӣ (масалан, иҷозатномадиҳӣ барои хидматрасонии иҷтимоӣ).
- Ҳуқуқӣ: санадҳои қонунгузорӣ, ки фаъолияти соҳаи иҷтимоиро танзим мекунанд.
- Идеологӣ: ташаккули меъёрҳои ахлоқиву этикӣ дар ҷомеа.
Сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоӣ ба моддаи 1 ва 39-и Конститутсия асос меёбад. Давлат барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва рушди озодонаро кафолат медиҳад.
Санадҳои асосӣ: Конститутсияи ҶТ, Кодекси оила, Қонун «Дар бораи кумаки иҷтимоӣ», Қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ».
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шарков Ф. И. Социальная политика в субъектах Российской Федерации. — Чебоксары, 1998.
- Канаева О. А. Социальная политика государства и бизнеса: учебник. — М.: Юрайт, 2016.