Скелетон
Скелетон | |
|---|---|
| | |
| Тавсифот | |
| Аввалин мусобиқот | |
| Федератсияи байналмилалӣ | |
| Лоиҳаҳои марбут | |
Скелето́н (куҳна. ске́летон[1]; англ. skeleton аз юн. «устухонбандӣ, қолаб») — намуди зимистонаи олимпии варзиш мебошад, ки фаромадан аз новаи яхӣ бо чанаҳои духата дар қолаби мустаҳкамшударо ифода мекунад. Ғолиби он аз рӯи ҷамъи натиҷаҳои ду ё чор дафъа фаромадан муайян карда мешавад.

Скелетонбозон либосҳои маҳками аэродинамикӣ ва кулоҳҳои (шлем) мустаҳками дорои шишаи муҳофизатӣ ва ҳимоятгари манахро мепӯшанд. Вазифаи скелетонбоз — бо пойафзоли махсуси мехдор 50 метр дар рӯи ях ҳарчи зудтар давидан ва суръат бахшидан ба чана мебошад. Дар тамоми ин муддат ӯ бо дастҳо аз дастакҳо ё паҳлуҳои скелетон дошта, онро ба поёни масир тела медиҳад.
Пас аз давидани 50 метр, скелетонбоз бояд зуд ва ба таври дарозрӯя дар болои скелетон хоб кунад, то суръати дар вақти давидан гирифтаашро гум накунад. Акнун лозим аст, ки тақрибан 1500 метр (вобаста ба масир) бо новаи яхӣ ба поён ҳаракат кунад. Дар масир гардишҳои тунд ва гардишҳои ба шакли ҳарфи «S» монанд мавҷуданд. Варзишгар скелетонро бо каме тағйир додани вазни бадани худ ба тарафи чап ё рост идора мекунад. Дар охири фаромадан, ӯ скелетонро бо пойҳояш то пурра истодан суст мекунад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ниёгони скелетон фаромадан аз кӯҳ бо чанаҳо — тахтаҳои чӯбии бидуни тагандоз (полоз) ба ҳисоб меравад, ки дар байни ҳиндуҳои канадӣ маъмул буд. Дар адабиёт пайдоиши онро ба асри XVI нисбат медиҳанд.
Маълумот дар бораи мусобиқаҳои варзишии чанасаворон ба нимаи асри XIX рост меояд, вақте ки сайёҳони бритониёӣ дар Алп ба фаромадан бо чана аз нишебиҳои барфпӯши кӯҳҳо оғоз карданд.
Соли 1892 англис Чилд чанаеро, ки аз металл сохта шуда буд, муаррифӣ кард. Фарзияе ҳаст, ки номи ин чанаро — скелетон — барои он додаанд, ки он ба устухонбандӣ (скелет) монанд буд. Дигарон бар ин назаранд, ки қисми калимаи «Skele» аз хониши нодурусти калимаи норвегии «Kjaelke» (чанае, ки моҳигирони норвегӣ истифода мебаранд) ба вуҷуд омадааст.
Бори аввал фаромадан бо скелетон соли 1905 дар мусобиқаҳои бобслей дар Мюрцсушлаг намоиш дода шуд. Соли 1906 дар ҳамон ҷо аввалин қаҳрамонии Австрия оид ба скелетон баргузор гардид. Дар солҳои 1908 ва 1910 мусобиқаҳо аллакай дар ағбаи кӯҳии Земмеринг гузаронида шуданд.
Соли 1913 Ассотсиатсияи байналмилалии тобогган таъсис дода шуд.
Соли 1923 дар конгрессе, ки дар Порис баргузор шуд, вакилони намояндаи чанасаворони Бритониёи Кабир, Канада, ИМА, Фаронса ва Швейтсария Федерасияи байналмилалии бобслей ва тобогган — ФИБТ-ро (FIBT) таъсис доданд, ки дар тӯли муддати тӯлонӣ рушди ҳам бобслей ва ҳам варзиши чанасавориро роҳбарӣ мекард. Соли 1926 дар конгресси Порис ФИБТ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ скелетон ва бобслейро ҳамчун намудҳои олимпӣ пешниҳод кард. Қоидаҳои Санкт-Моритс ҳамчун қоидаҳои асосии скелетон қабул карда шуданд.
Мусобиқаҳои скелетон бори аввал дар II Бозиҳои олимпии зимистона, ки соли 1928 дар Санкт-Моритс баргузор шуданд, муаррифӣ гардиданд. Аввалин қаҳрамони олимпӣ дар ин намуди варзиш Ҷеннисон Хитон (ИМА) шуд. Медали нуқраро бародари хурдии ғолиб — Ҷон Хитон ва медали биринҷиро — Дэвид Эрл оф Нортеск аз Бритониёи Кабир ба даст оварданд.
Бори дуюм варзишгарон барои ҷоизаҳои олимпӣ дар мусобиқаҳои скелетон пас аз 20 сол — соли 1948, боз ҳам дар Санкт-Моритс — дар V Бозиҳои олимпии зимистона мубориза бурданд, зеро дар он вақт танҳо дар он ҷо масири мувофиқ барои скелетон мавҷуд буд. Дар сабқатҳо 13 варзишгар аз панҷ кишвар иштирок карданд. Дар оянда, то соли 2002, скелетон дар Бозиҳои олимпӣ муаррифӣ нашуда буд.
Соли 1968 дар Шёнау-ам-Кёнигсзе (ҶФО) аввалин масири сунъии чанасаворию бобслей кушода шуд, ки ба варзишгарон имкон дод, ки новобаста аз шароити обу ҳаво машқ кунанд ва мусобиқаҳо гузаронанд.
Аз соли 1982 инҷониб қаҳрамониҳои ҷаҳон оид ба скелетон гузаронида мешаванд.
Аз соли 1986 дар масирҳои гуногун мактабҳои байналмилалии скелетон (International Skeleton Schools) ба фаъолият оғоз карданд. Комиссияи нави скелетони ФИБТ барномаи ҳамбастагиро барои омӯзиши варзишгарони нав барои скелетон ҷорӣ кард. ФИБТ барномаҳои омодагии махсусро барои ҳавасманд кардани федерасияҳои миллӣ дар такмили машқҳои варзишгарони худ ба роҳ монд.
Соли 1992 20 кишвар дар қаҳрамонии ҷаҳон иштирок карданд. Пас аз як сол шумораи онҳо ба 23 расид. Дар ҳоли ҳозир скелетон дар мусобиқаҳо аз ҷониби 30 кишвар намояндагӣ мешавад.
ФИБТ маблағгузории скелетонро соли 1986 оғоз кард. Намудҳои ғайриолимпии варзиш дастгирии молиявии кам мегиранд. Таваҷҷуҳи ВАО (махсусан телевизион) ба намудҳои олимпии варзиш нигаронида шудааст. Бе телевизион ҷалби сарпарастон ва бе сарпарастон маблағгузорӣ амалан ғайриимкон аст. Бо эътирофи ин воқеият, ФИБТ инъикоси мусобиқаҳои скелетонро дар телевизион маблағгузорӣ кард. Соли 1998 қаҳрамонии ҷаҳон бори аввал дар эфири мустақими Eurosport нишон дода шуд. Дар давоми солҳои 1999 ва 2000 дар телевизион ду Ҷоми ҷаҳон ва қаҳрамонии ҷаҳон намоиш дода шуданд.
2 октябри соли 1999 ФИБТ ба ҳадафи худ расид: скелетон пас аз 54 соли ғайб ба барномаи Бозиҳои олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Сити дохил карда шуд. Скелетон намуди ҷолиби варзиш гардид, зеро гузаронидани мусобиқаҳо аз ин намуд истифодабарии масирҳои чанасаворию бобслейро, ки сохтмон ва нигоҳдории онҳо гаронбаҳо мебошад, зиёд кард.
Чана
[вироиш | вироиши манбаъ]Скелетон чанаест бо қолаби вазниншуда, бидуни идораи фармонӣ (рул), ки дар он варзишгар бо сар ба пеш, рӯ ба поён мехобад. Барои идоракунӣ аз мехҳои махсус дар пойафзол истифода мебаранд. Скелетони муосир аз шишанах (стекловолокно) ва пӯлод сохта шудааст, ба қисми поёнии он ду тагандози пӯлодӣ ва ба қисми болоӣ — ду дастак пайваст карда мешаванд. Дар баъзе моделҳо ба ҷои «дастакҳо» ду паҳлуи қуттии махсус аз шишанах хидмат мекунанд, ки мувофиқи ҷуссаи варзишгари мушаххас сохта мешавад. Бамперҳое, ки дар пеш ва ақиби скелетон ҷойгиранд, скелетонбозро аз зарбаҳо ба девори новаи яхӣ муҳофизат мекунанд.
Барои он ки ҳамаи варзишгарон дар шароити баробар бошанд, чанаҳо стандартизатсия шудаанд. Андозаҳои скелетон — аз 80 то 120 см дарозӣ ва аз 34 то 38 см паҳно (фосилаи байни тагандозҳо) мебошанд. Гарм кардани тагандозҳо манъ аст, пеш аз ҳар оғоз ҳарорати онҳо санҷида мешавад. Дар оғоз чана ва варзишгар баркашида мешаванд, вазни ниҳоии скелетон — 43 кг барои мардон ва 35 кг барои занон, вазни скелетон ҳамроҳ бо варзишгар набояд аз 117 кг барои мардон ва 102 кг барои занон зиёд бошад. Дар ҳолати зарурӣ вазнин кардани чана бо балласт иҷозат дода мешавад.
Масир
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аввал мусобиқаҳо дар масирҳои табиӣ гузаронида мешуданд. Қисми зиёди мусобиқаҳои муосир аллакай дар масирҳои дорои сатҳи яхи сунъӣ мегузаранд. Истиснои маъмул — масир дар Санкт-Моритс мебошад. Барои мусобиқаҳо ҳамон масирҳоеро истифода мебаранд, ки барои бобслей пебинӣ шудаанд. Аксари масирҳо 1500 метр дарозӣ доранд ва ҳамаи онҳо хусусиятҳои беназир ва дараҷаҳои гуногуни душворӣ доранд.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ [(http://gramota.ru/lenta/news/8_2874) ГРАМОТА.РУ – справочно-информационный интернет-портал «Русский язык» | Лента | Новости].
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- [(https://www.ibsf.org) Федерасияи байналмилалии бобслей ва скелетон (IBSF)]
- [(http://bobskesan.ru/)(пайванди дастнорас) Федерасияи бобслей ва скелетони Русия]
- [(https://www.google.com/search?q=http://www.bobsleigh.ru/)(пайванди дастнорас) Сайти дар бораи бобслей, скелетон ва варзиши чанасаворӣ]