Ски-кросс
Ски-кросс (кросси лижаронӣ) — намуди зимистонаи варзиши лижаронӣ буда, дисциплинаи фристайл ба ҳисоб меравад. Мусобиқаҳо дар масирҳои махсус муҷаҳҳазшудаи лижаронии кӯҳӣ гузаронида мешаванд. Дар заездҳои финалӣ лижаронҳо 4-нафарӣ ҳамзамон оғоз (старт) мекунанд ва масирро бо монеаҳо дар шакли виражҳо ва трамплинҳои гуногун тай менамоянд. Мақсади онҳо аз ҳамдигар пеш гузаштан ва аввалин шуда ба марра расидан аст. Аз соли 2010 инҷониб намуди олимпии варзиш мебошад[1].
Ски-кроссро аксар вақт бо варзиши лижаронии кӯҳӣ муқоиса мекунанд. Дар вақташ дохил кардани ски-кросс ҳамчун дисциплинаи фристайл саволҳоро дар бораи асоснок будани мансубияти он ба фристайл, на ба варзиши лижаронии кӯҳӣ, ба вуҷуд оварда буд. Ин намуди варзиш дорои элементҳои техникии шабеҳ аст, бинобар ин ҳолатҳои гузаштани варзишгарони лижаронии кӯҳӣ ба ски-кросс зиёд ба назар мерасанд. Дар сайти расмии Федерасияи байналмилалии лижаронӣ (FIS) гуфта мешавад, ки ски-кросс воқеан аз мусобиқаҳои аввалини лижаронии кӯҳӣ, ки дар дисциплинаи «масс-старт» гузаронида мешуданд, сарчашма гирифтааст.
Лижаҳо барои кросси лижаронӣ геометрияи ба таври кофӣ ифодаёфтаи карвингӣ ва қобилияти суръатгирӣ дар гардишҳоро бо худ муттаҳид мекунанд, ки аз моделҳои варзишии дисциплинаҳои анъанавӣ — слалом ва слаломи гигант камӣ надоранд. Эластикии нисбатан зиёд онҳоро ба сифати омодагии масир камталаб мекунад ва барои беҳтар амортизатсия кардани ноҳамвориҳо кӯмак мерасонад. Дар натиҷа, лижаҳо ҳарчанд аз лижарон техникаи хуби ҳаракатро талаб кунанд ҳам, бароҳаттар, универсалӣ ва барои ҳаракати озод мувофиқтар мебошанд. Ҳоло истеҳсолкунандагон моделҳои зиёдеро пешниҳод мекунанд, ки барои кросси лижаронӣ нигаронида шудаанд.
Мусобиқаҳо оид ба ски-кросс ба ду марҳила тақсим мешаванд: квалификатсия ва финалҳо. Дар вақти квалификатсия иштирокчиён масирро як-як аз рӯи вақт тай мекунанд. Ба марҳилаи финалии мусобиқаҳо 32 лижарони беҳтарин роҳ меёбанд. Сипас онҳоро ба чорнафарӣ тақсим мекунанд ва заездҳо дар масир дар шакли чорнафарӣ гузаронида мешаванд. Ба марҳилаи баъдӣ ду иштирокчии аввалин ба марра расида мегузаранд. Дар охири мусобиқа ду заезди финалӣ баргузор мегардад. Дар финали хурд иштирокчиён барои ҷойҳои 5-8 ва дар финали калон барои ҷойҳои 1-4 мубориза мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ [(http://www.ffr-ski.ru/freestyle/skicross/) Ски-кросс на сайте федерации фристайла России].(пайванди дастнорас)