Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Слоупстайл

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Слоупстайл (англ. slopestyle, аз англ. slope — нишебӣ (кӯҳ барои лағжиш) ва англ. style — услуб) — як навъи мусобиқаҳо аз рӯи чунин намудҳои варзиш, ба монанди: фристайл, сноуборд, маунтинбординг, ки аз иҷрои силсилаи ҷаҳишҳои акробатӣ дар трамплинҳо, пирамидаҳо, зидди-нишебиҳо, дропҳо, паҳлуҳо (перилаҳо) ва ғайра, ки пай дар пай дар тӯли тамоми масир ҷойгир шудаанд, иборат мебошад[1][2].

Слоупстайл аз варзишгарон омодагии хуби техникӣ ва дақиқии иҷрои ҳиллаҳоро (трюкҳо) талаб мекунад, зеро афтидан дар масир метавонад боиси гум шудани суръат ва имконнопазирии иҷрои ҳиллаи навбатӣ гардад. Шаклҳо дар масир метавонанд дар як, ду ё зиёда қатор ҷойгир шаванд ва варзишгар ҳангоми гузаштани масир аз ин ё он қисмат, имконияти интихоби монеаро дорад.

Слоупстайл дар сноуборд ба барномаи Бозиҳои ҷаҳонии экстремалӣ (англ. X-Games) дохил карда шудааст.

Слоупстайл дар фристайли лижаронӣ ва сноуборд ба барномаи Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2014 дар Сочи дохил карда шудааст[3].

Натиҷаҳои мусобиқаҳо дар Бозиҳои олимпӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мардон, сноуборд, натиҷаҳо [4] [5] [6]
Мусобиқа Тилло Нуқра Биринҷӣ
Олимпиадаи 2022 Максанс Парро Су Имин Марк Макморрис
Олимпиадаи 2018 Редмонд Ҷерард Максанс Парро Марк Макморрис
Олимпиадаи 2014 Сейҷ Котсенбург Столе Сандбек Марк Макморрис
Занон, сноуборд, натиҷаҳо [7] [8] [9]
Мусобиқа Тилло Нуқра Биринҷӣ
Олимпиадаи 2022 Зои Садовски-Синнотт Ҷулия Марино Тесс Коуди
Олимпиадаи 2018 Ҷейми Андерсон Лори Блуэн Энни Рукаярви
Олимпиадаи 2014 Ҷейми Андерсон Энни Рукаярви Ҷенни Ҷонс
Мардон, фристайл, натиҷаҳо[10][11]
Мусобиқа Тилло Нуқра Биринҷӣ
Олимпиадаи 2018 Эйстейн Бротен Ник Геппер Алекс Больё-Маршан
Олимпиадаи 2014 Ҷосс Кристенсен Гас Кенуорти Ник Геппер
Занон, фристайл, натиҷаҳо[12] [13][14]
Мусобиқа Тилло Нуқра Биринҷӣ
Олимпиадаи 2022 Матильда Гремо Эйлин Гу Келли Силдару
Олимпиадаи 2018 Сара Ҳёффлин Матильда Гремо Изабель Аткин
Олимпиадаи 2014 Дара Хауэлл Девин Логан Ким Ламарр
  1. [(http://freestyleski.com//about/freestyle-101/disciplines/) Slopestyle]. Canadian Freestyle Ski Association.
  2. [(https://mpora.com/snowboarding/slopestyle-event-guide#AgV12d5VLXqxDKMU.97) What Is Slopestyle? | Winter Olympic Guide For Pyeongchang 2018] (en-US), Mpora.
  3. [(http://www.gamesbids.com/eng/other_news/1216135778.html) Slopestyle Approved For Sochi 2014]. GamesBids.com.
  4. [(https://olympics.com/beijing-2022/olympic-games/static/owg2022/pdf/OWG2022/SBD/OWG2022_SBD_C74S_SBDMSS----------------------------.pdf) Final Results - 2022 Men's Snowboard Slopestyle].
  5. [(http://medias1.fis-ski.com/pdf/2018/SB/7071/2018SB7071RLF.pdf) Final Results - 2018 Men's Snowboard Slopestyle].(пайванди дастнорас)
  6. [(http://medias4.fis-ski.com/pdf/2014/SB/7009/7009RLR0.pdf) Final Results - 2014 Men's Snowboard Slopestyle].(пайванди дастнорас)
  7. [(https://results.beijing2022.cn/beijing-2022/olympic-games/en/results/snowboard/results-women-s-snowboard-slopestyle-fnl-.htm) Final Results - 2022 Women's Snowboard Slopestyle].(пайванди дастнорас)
  8. [(http://medias1.fis-ski.com/pdf/2018/SB/7073/2018SB7073RLF.pdf) Final Results - 2018 Women's Snowboard Slopestyle].(пайванди дастнорас)
  9. [(http://medias1.fis-ski.com/pdf/2014/SB/7010/7010RLR0.pdf) Final Results - 2014 Women's Snowboard Slopestyle].(пайванди дастнорас)
  10. [(http://medias3.fis-ski.com/pdf/2018/FS/8057/2018FS8057RLF.pdf) Final Results - 2018 Men's Freestyle Skiing Slopestyle].(пайванди дастнорас)
  11. [(http://medias2.fis-ski.com/pdf/2014/FS/8012/2014FS8012FRL.pdf) Final Results - 2014 Men's Freestyle Skiing Slopestyle].(пайванди дастнорас)
  12. (https://olympics.com/en/beijing-2022/live-updates#) Бойгонӣ шудааст 11 марти 2022  сол. (March 2022)
  13. [(http://medias1.fis-ski.com/pdf/2018/FS/8054/2018FS8054RLF.pdf) Final Results - 2018 Women's Freestyle Skiing Slopestyle].(пайванди дастнорас)
  14. [(http://medias3.fis-ski.com/pdf/2014/FS/8011/2014FS8011FRL.pdf) Final Results - 2014 Women's Freestyle Skiing Slopestyle].(пайванди дастнорас)