Собирҷонов Солеҳҷон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Собирҷонов Солеҳҷон
Солеҳҷон Собирҷонов
Санаи таваллуд:

8 феврал 1947(1947-02-08) (73 сол)

Зодгоҳ:

ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

забоншинос

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Солеҳҷон Собирҷонов (Тав. 08.02.1947, н. Совет (ҳоло – н.Темурмалик), забоншинос, омӯзгор. Номзади илмҳои филология (1985), дотсент (1990).

Зиндагинома[вироиш]

Солеҳҷон Собирҷонов дар фак. фил. Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст (1965–70). Ассис. каф. заб. тоҷ. Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1970–71). Ассис., муаллими калон (1973–1990), дотс. каф. заб. тоҷ. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1990–1996), муд. каф. заб. ва адаб. тоҷ. ИХҚТ (ҳоло – ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, 1996–1998), ноиби рек. оид ба тарбия ва фарҳанги Дон. мазкур (1998–2000), муд. шӯъбаи таълимию методӣ (2000–2006), муд. шӯъбаи илм ва робитаҳои байналмилалӣ, сардори шӯъбаи тарбия (2006–2009), муд. каф. заб.-ҳои ДСХТ (2009–2012). Аз с. 2013– дотс. каф.заб. тоҷ. ва русии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷ. (ДМИТ).

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Дар мавзӯи «Ҷумлаҳои саволии хоса дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ» рисолаи номз. дифоъ кардааст (1985). Муаллифи беш аз 110 асару мақолаи илмӣ-тадқ., илмӣ-услубӣ ва илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла: «Ҷумлаҳои саволии муқобилмаъно», «Ҷумлаҳои таркибан устувори саволӣ», «Ҳусни сухан», «Як навъи ҷумлаи саволии водоркунанда», «Вазифаи воҳидҳои забон дар ҷараёни гуфтор», «Бахшандаи меҳри сухан»», «Ҷумлаҳои саволии эҳсосӣ», «Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ – русӣ» (Бо ҳамкории Қосимова М.Н., Искандарова Д., Ҳасанов А., Д., 2002), кит. «Забони англисӣ дар иқтисодиёт» (бо ҳамкории Яъқубова В.А., Иброҳимова Ш., Д., 2011) ва ғ. Бо чандин Грам. Фахрӣ ва Сипосномаҳои соҳавӣ мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — С. 151. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6