Jump to content

Собир Исмоилов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Собир Исмоилов
Собир Исмоилов
Таърихи таваллуд 1965(1965)
Зодгоҳ Панҷакент
Пеша(ҳо) мутриб

Собир Исмоилов — мутриб, танбӯрӣ, иҷрокунандаи мусиқии мардумӣ ва классикии тоҷик, намояндаи ҳавзаи иҷроии Зарафшон-Самарқанд, Аълочии фарҳанги ҶТ. Асосҳои ибтидоии мусиқи-ро дар зодгоҳаш назди устодо-ни мусиқии мардумӣ фаро гирифта, таҳсилро дар мактаби бачагонаи мусиқӣ (ш. Панҷакент тахассуси рубоб таҳти раҳнамоии омӯзгор Н.Қурбонов, 1973—1978) идома додааст. И. солҳои 1982—1986 таҳсилро дар шуъбаи мусиқии Шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (тахассуси танбӯр, устод М.Абдукаримов) идома дода, асосҳои амалӣ ва назарии мусиқии мардумию устодонаро омӯхтааст. И.иштирокдори симпозиумҳои байналмилалии мусиқии Шарқ (Самарқанд-1987-2002, Душанбе-1990), барандаи озмуни мақомхонон (Исфара-1990), Фестивали байналмилалии мусиқии мардумони Шарқ (Шарқ тароналари, Самарқанд-1996), рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Ӯзбекистон (1998), фестивал- симпозиумҳои шашмақомхонон (Исфара-2003, Душанбе-2006) буда, барои маҳорати баланди иҷроӣ, рушди мусиқии устодона сазовори ҷоизаҳои ин ҷашнвораҳои бонуфуз шудааст. И. қисмҳои созии мақомҳои «Бузург» «Рост» ва ғ. ро бо сабки хос (танбӯр) иҷро намудааст. И.устоди танбӯри мактаби бачагонаи мусиқӣ, мудири қисми таълимии шуъбаи Панҷакентии Маркази фарҳангии мусиқии тоҷик «Ҳунар» ва мактаби мусиқии хусусии бачагони боистеъдодро ба уҳда дорад.

  • Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 88 ISBN 978-99947-49-13-3