Собит Неъматуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Собит Неъматуллоев
Собит Ҳабибуллоевич Неъматуллоев
Таърихи таваллуд 16 сентябр 1937(1937-09-16) (86 сол)
Зодгоҳ Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Фазои илмӣ сейсмология
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ академики АИҶТ
Алма-матер Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
Ҷоизаҳо ордени «Нишони Фахрӣ» (1981), медали «Барои меҳнати шоён, Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон», Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998), медали П.Л. Капитсаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия, Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ИҶШС (1984) Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,

Собит Ҳабибуллоевич Неъматуллоев — доктори илмҳои техникӣ, профессор (1949), Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1987, Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (19881995), Академики Академияи байналмилалии Мактабҳои олӣ (1993), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Собит Неъматуллоев Институти политехникии Сталинободро (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ) хатм кардааст (1961), ихтисос — «сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология». Солҳои 1988—1995 вазифаи масъул ва пурифтихори Президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистонро иҷро кард.

Директори ифтихории Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2004), сарходими илмии Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1995—2010), сардори Муассисаи илмии «Хадамоти геофизикӣ»-и Академияи илмҳои Тоҷикистон (2010 — то даргузашт) ва роҳбари ОО «РМР International», мудири озмоишгоҳи сейсмологияи минтақавии Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: сейсмологияи муҳандисӣ, геология, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2011). Депутати халқии ИҶШС (1988—1991).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Собит Неъматуллоев аз уламои сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи сейсмологияи минтақавӣ ва муҳандиси маҳсуб ёфта, ҷиҳати баланд рафтани нуфузи илми тоҷик кӯшиши фаровон ба харҷ додааст. Бо ибтикораш дар Тоҷикистон таҳқиқоти илмӣ оид ба пешбинии зилзила, ба ҳисобгирии заминҷунбиҳои сахт ва ҳалокатовар, таъсири муҳандисию техникии инсон ба офатҳои табиат, санҷиши заминҷунбӣ тариқи таркишҳои зеризаминӣ, тобооварии иншооти муҳандисӣ ба зилзила, обанборҳои сунъӣ ва биноҳои истиқоматӣ ва ғайра гузаронида шудаанд. Таҳти роҳбариаш дар Душанбею Норак гурӯҳҳои муҳандисии сейсмологӣ таъсис ёфта, мавриди заминҷунбиҳои сахт ва пешбинии онҳо корҳои муфиди таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд. Ӯ чандин сол раиси Маркази пешбинии заминҷунбиҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистонро ба зимма дошт, ҳамчун роҳбари экспедитсия дар таҳқиқоти сохтмонҳои барқии обӣ ва атомии Куба, Афғонистон ва дигар давлатҳо фаъолият кардааст, дар даҳҳо симпозиуму конфаронси минтақавию байналмилалӣ (Русия, ИМА, Фаронса, Олмон, Чин, Венесуэла,Куба, Эрон ва ғайра) сухан рондааст. Саҳмаш дар тайёр кардани олимони ҷавон ниҳоят калон мебошад.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Бо ордени «Нишони Фахрӣ» (1981),
  • медали «Барои меҳнати шоён»,
  • Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин",
  • медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон»,
  • Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
  • Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1998),
  • медали П. Л. Капитсаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия,
  • Дорандаи Ҷоизаи Шӯрои Вазирони ИҶШС (1984)[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]