Jump to content

Содиқия (Теҳрон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Содиқия
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 1 265 м[1]
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Содиқия (форсӣ: صادقیه‎) ё Ориёшаҳр (форсӣ: آریاشهر‎), як маҳалла дар ғарби Теҳрон аст. То инқилоби соли 1979 номи расмии ин маҳалла Ориёшаҳр буд. Акнунмаҳаллаҳои, аз қабили Содиқия, Тарашти Шимолӣ, Содиқияи Шимолӣ, Арамкан ва Булвори Фирдус ро дар бар мегирад.

Номи ин маҳалла дар маҷмуъ дар расонаҳо ва миёни мардуми муқими Теҳрон Ориёшаҳр аст[2], аммо дар расонаҳои расмии Эрон номи ҷадиди он Содиқия бештар истифода мешавад. Бисёриҳо ҳазфи номи Ориёшаҳрро як амали нолозим ва ғайриҳирфаӣ унвон кардаанд ва шаҳрдорӣ ва Шӯрои шаҳри Теҳрон сабаби идомаи ин тағйири номро эълом накардаанд. Як гурӯҳи ифротӣ ҳамчунин эълом кардааст, ки Содиқия, исми нав, аз лиҳози ном ва ҳамоҳангӣ ба мактабе дар Миср ки аз дудмони паҳлавӣ пуштибонӣ мешавад, шабоҳат дорад ва ба эътиқоди онҳо, тағйири ин ном ба Содиқия бо "густариши нуфузи Паҳлавӣ дар кишвар" аст. Ин дар ҳолест, ки худи вожаи Ориёшаҳр маънои бештари миллӣ ва эронӣ дорад ва бархе муътақиданд, ки тағйири ном танҳо як тағири номи инқилобӣ барои аз байн бурдани номҳои миллӣ ё пеш аз инқилоб буд ва аз режими пешин ҳимоят нашудааст.[3]

Дар ривоятҳои мухталиф омадааст, ки ин маҳалла дар замони Носируддиншоҳ бунёд шуд ва тадриҷан густариш ёфтааст.[4] Бо оғози таҳаввулот ва модернизацияи давраи паҳлавӣ, Теҳрон ба зудӣ ба таҳаввулот дучор шуд ва дар натиҷа маҳаллаҳои он низ дигаргун шуданд.Ориёшаҳр низ ба далели ҳавои хуб ва наздикӣ ба шоҳроҳҳои аввали Теҳрон, аз ин таҳаввулоти сареъи Теҳрон бештар баҳра бурд.[5]

  1. GeoNames (ингл.) — 2005.
  2. اطلس کلانشهر تهران - شهر - ۲۴-۲۶-۲۷
  3. اطلس کلانشهر تهران - شهر - ۲۴–۲۶
  4. مریم کمالی. محله‌ای مهاجرپذیر. هفته نامه تعطیلات نو (۱۶ دی ۱۳۹۱). Баргирифта аз сарчашмаи аввал ۱۹ اکتبر ۲۰۱۳.
  5. مریم کمالی. محله‌ای مهاجرپذیر. هفته نامه تعطیلات نو (۱۶ دی ۱۳۹۱). Баргирифта аз сарчашмаи аввал ۱۹ اکتبر ۲۰۱۳.