Содиқи Завқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Содиқи Завқӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд:

Содиқи Завқӣ Яминович

Санаи таваллуд:

30 июн 1967(1967-06-30) (52 сол)

Зодгоҳ:

деҳаи Чубеки ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

шоир

Солҳои эҷод:

1981 — то ҳол

Забони осор:

тоҷикӣ

Содиқи Завқӣ (Содиқи Завқӣ Яминович; 30 июни 1967, деҳаи Чубеки ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — шоири тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2002).

Зиндагинома[вироиш]

Содиқи Завқӣ 30 июни соли 1967 дар деҳаи Чубеки ноҳияи Москва (ҳозира ноҳяи Ҳамадонӣ) дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар мактаби деҳаи Ёли ноҳияи Шурообод гирифта сипас дар Донишкадаи давлатии омузгории шаҳри Кулоб дохил шуда баъди курси 2 соли 1986 ба саффи Артиши Шуравӣ даъват мешавад аз соли 1986 то 1988 хизмати ватанро дар кишвари Афғонистон адо намуда, таҳсилро боз дар донишкадаи номбурда идома дода онро соли 1991 ба итмом расонидааст.

Соли 2010 шуъбаи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон хатм намудааст.

Кор ва фаъолият[вироиш]

Содиқ Завқӣ баъди хатми донишкада фаъолияти корияшро ба сифати муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи рақами 11 ноҳияи Шурообод оғоз намуда то соли 1995 кор намудааст. Аз солҳои 1995 то 2002 мухбири ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», аз солҳои 2002 то солҳои 2006 дар корхонаи хусусии муҳофизатии «Шериф» -и шаҳри Маскави Федератсияи Русия фаъолият менамояд.

Солҳои 2006—2007 дар Муассисаи нашрявии «Маориф ва фарҳанг»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи сардори шуъбаи «Маркетинг», солҳои 2007—2010 дар шуъбаи масоили иҷтимоиу фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2010—2011 мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Сино ва солҳои 2012—2014 дар муассисаи нашрявии «Адиб» кор кардааст.

Аз моҳи ноябри соли 2014 то имруз дар вазифаи директори муассисаи нашрявии «Адабиёти бачагона»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истодааст.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш]

Содиқи Завқи шергӯиро ҳануз аз синни 14 солагияш оғоз намудааст. Ӯ дар ҳамаи жанрҳои адабӣ қувваозмоӣ намуда муваффақ гаштааст. Аз қабили ғазал, дубайтӣ, рубоӣ, драмма (иллат), ҳикояҳои саҳм гузоштааст. Китоби аввалини худро соли 1997 бо номи «Субҳи содиқ» ба тариқи назм аз чоп мебарорад. То кунун маҷмӯаҳои ашъораш «Субҳи содиқ» (1998), «Чашми рӯз» (1999), «Нигоҳи Меҳр» (2000), «Мароми зиндагӣ» (2011), «Хаёли орзуҳо» (2017) дастраси хонандагон гардидаанд.

Шеърҳои ватандустонаи ӯ «Бар мардуми бенанг Ватан ҳайф аст», «Тоҷикистон», «Маро ту дар сафар зодӣ ки доим дар сафар бошам», «Ба ҳар ҷое ки рафтам ҳарф аз боби Ватан гуфтам» вирди забони мардум аст. Оҳангсозон ба 220 шеъри ӯ оҳанг бастаанд.

Мукофоту медалҳо[вироиш]

Содиқ Завқӣ бо медалҳои «Шуҷоат», «Раҳматнома аз номи халқи Афғонистон», «Ба муносибати зодрузи 70-соли Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС», «Ба ҷанговари интернатсионалист», «20 солагии барориши Қувваҳои Мусаллаҳ аз кишвари Афғонистон», Грамотаи Президиуми Совети Олии ИҶШС, ҷоизаи «Ҷавонони Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши адабиёт» (Мушовири хизмати давлатии дараҷаи 2) сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 2002 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ) / Асрори Сомонӣ, Маҷид Салим. — Д.: Адиб, 2014. — С. 86. — 320 с. — ISBN 9789994723799.
  • Содиқи Завқӣ. Хайёли орзуҳо. — Д.: Адабиёти бачагона, 2017. — 152 с. — ISBN 9789994702040.