Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Созишномаи асъории Аврупо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Созишномаи асъории Аврупо
Намуди созмон multilateral treaty[d]

Созишномаи асъории Аврупо, ки соли 1955 баста шуда буд, соли 1958 ба фаъолият даромад. Қароргоҳаш дар Порис воқеъ буд.

Мақсади созмон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мустаҳкам намудани вазъи муносибатҳои савдо ва пардохт дар Аврупо, ки дар доираи Иттиҳоди Аврупоии пардохтҳо ба даст омадааст, нигоҳ доштани конвертатсияи асъори хориҷӣ ва суботи пулии давлатҳои аъзо. Барои рафъи душворихои муваққатии тавозуни пардохти давлатҳои узв, чорабиниҳои фаврии ҷудо кардани карзҳои кутоҳмуддат ва миёнамуддат дар назр дошта шуда буд.

Созишномаи асъории Аврупо кӯшиш ба харҷ расонид, ки ду унсури асосии он рӯи кор ояд ва амалӣ гардад, аммо аз аввал ба нокомӣ дучор шуда буд — хазинаи кредитӣ ва мубодилаи пардохтхои мутақобила нисбат ба Иттиҳоди Аврупоии пардохтҳо аз ҷиҳати институтсионалӣ заиф гардид.

Дар солҳои 1960-ум, Созишномаи асъории Аврупо тадриҷан ба фаромӯшӣ афтод, ва ниҳоят, соли 1972 барҳам дода шуд. Дар таърихи равобити пулии Аврупо ба созмони номбурдашуда дар беҳтарин ҳолат мақоми эзоҳ дода мешавад.